Вокуниш ба маводи “Радиои Озодӣ”: “Раҳбарони “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” аз мақомҳояшон барканор шуданд” (https://www.ozodi.org/a/31277028.html, Абдулло Ашӯров), ки 27 майи соли 2021 интишор ёфта, дар бахши русии сомона таҳти унвони “Председатели "Агроинвестбанка" и "Точиксодиротбанка" освобождены от занимаемых должностей” (https://rus.ozodi.org/a/31277305.html) 28 майи соли 2021 нашр гардид.
Бонки миллии Тоҷикистон ба иттилои роҳбарияти бахши тоҷикии “Радиои Озодӣ” ва муаллифи матлаби “Раҳбарони “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” аз мақомҳояшон барканор шуданд” Абдулло Ашӯров, ки масъули бевоситаи таъмини саҳеҳияти ахбори интишорёфта мебошанд, мерасонад, ки дар матлаби зикрёфта ба чандин иштибоҳ роҳ дода шуда, маълумоти носаҳеҳ манзури ҷомеа гардидааст.
Муаллиф дар сархати аввал ва дуюми матлаби хеш мафҳуми “мудирони махсус” ва “мудири барҳамдиҳанда”-ро истифода намудааст, ки куллан бемаврид ва иштибоҳ аст. Мафҳуми “мудири махсус” воқеан дар ҳолати барҳамдиҳии ташкилоти қарзии молиявӣ истифода мешавад, аммо онро танҳо суд таъйин менамояд, на Бонки миллии Тоҷикистон. Ҳоло дар ҶСК “Агроинвестбонк” ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” аз ҷониби мақомоти судӣ “мудири махсус”, ки хабарнигори “Радиои Озодӣ” дар матлаби хеш менависад, таъин нагардидааст. Танҳо Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” бо мақсади таъмини ҳифзу нигоҳдории дороиҳои онҳо то лаҳзаи аз ҷониби суд таъин кардани мудирони махсус, дар ин ду ташкилоти қарзии молиявӣ мудир таъин намудааст. Яъне “мудир”-е, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон танҳо ба хотири таъмини ҳифзу нигоҳдории дороиҳои бонк то лаҳзаи аз ҷониби суд таъин кардани мудирони махсус таъин карда шудааст, аз “мудири махсус”, ки онро суд таъин мекунад, ба куллӣ фарқ дорад.
Дар ду сархати аввал муаллиф Абдулло Ашӯров мафҳуми “мудирони барҳамдиҳанда”-ро истифода бурдааст, ки он низ иштибоҳ аст. “Мудирони барҳамдиҳанда”, ки муаллиф навиштааст, ҳамон мудири махсус аст, ки бо қарори суд таъин гардида, дорои Шаҳодатномаи махсуси Бонки миллии Тоҷикистон барои анҷом додани фаъолияти мудири махсус мебошад. Инро бояд дарк кард ва дуруст истифода бурд, зеро истифодаи нодурусти мафҳумҳо метавонад боис ба бардошти нодурусти ҷомеа гардад.
Тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” мудири махсус бо қарори суд таъин мегардад ва ваколатҳои мақомоти идораи ташкилоти қарзӣ (маҷлиси умумии саҳмиядорон, шӯрои нозирон, раёсат, раис) ба ӯ вогузор мешавад. Мудири махсус ягона намояндаи қонунии бонк ва ё ташкилоти қарзии молиявӣ ба ҳисоб меравад, ки дар доираи салоҳияти ихтисосии худ барои ба манфиати амонатдорону қарздеҳон ситонидан ва бегона кардани (фурӯхтани) дороиҳои Бонк ва тақсими маблағҳо бо тартиби муқарраркардаи Қонуни мазкур мусоидат менамояд.
Нуктаи дигаре, ки таъкиди он муҳим аст, нодуруст таъкид гардидани номи мудири феълии ҶСК “Агроинвестбонк” ва вазифаи ӯ мебошад. Дар матлаби хабарнигорои “Радиои Озодӣ” омадааст: “Ҳамакнун бо қарори додгоҳ Фирӯз Ҷалолов раванди барҳамдиҳии “Агроинвестбонк” ва Ҷамшед Абдураҳимов раванди барҳамдиҳии “Тоҷиксодиротбонк”-ро роҳбарӣ хоҳанд кард”.
Аввалан, ду нафаре, ки муаллиф ном бурдааст раванди барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзии молиявии “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк”-ро роҳбарӣ нахоҳанд кард, балки онҳо то лаҳзаи аз ҷониби суд таъин кардани мудирони махсус барои таъмини ҳифзу нигоҳдории дороиҳои бонкҳои мазкур масъул мебошанд. Раванди барҳамдиҳиро мудирони махсус, ки суд таъин менамояд (алҳол дар бораи қарори суд ва таъини мудири махсус ягон иттилое нашр нашудааст), роҳбарӣ мекунанд.
Баъдан, дар матлаби Абдулло Ашӯров ҳамчун мудири ҶСК “Агроинвестбонк” Фирӯз Ҷалолов муаррифӣ шудааст, ки он низ иштибоҳ буда, дар асл мудири ҶСК “Агроинвестбонк” Даврон Тухтаров таъин карда шудааст.
Дар баробари ин бояд таъкид дошт, ки аксари воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ бо истифода аз ин маводи нашркардаи “Радиои Озодӣ” иттилои мазкурро бознашр карда, боз ҳамин хатоҳоро такрор кардаанд, ки боиси ба амал омадани афкори нодурусти ҷомеа мегардад.
Ҳамин тавр, Бонки миллии Тоҷикистон аз роҳбарияти “Радиои Озодӣ” хоҳиш менамояд, ки хатоҳои таъкидшударо фавран бартараф намуда, минбаъд такрори чунин иштибоҳҳоро пешгирӣ намоянд. Яъне принсипи фаврияте, ки дар “Радиои Озодӣ” амал мекунад, набояд муқаррароти саҳеҳият, дақиқият, воқеият ва касбиятро, ки талаботи аввалиндараҷаи журналистикаи байналмилалӣ аст, поймол намояд.
Шуъбаи матбуот