Эълони Озмун

Бойгонии ахбор
04.06.2021

Эълони Озмун

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаҳои холии зерин

ОЗМУН
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

Идораи бозори молиявӣ

I
Сармутахассиси шуъбаи кор бо қарзҳо (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олии ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ ё молиявӣ;
  • доштани дониши хуби қонунгузории бонкӣ, гражданӣ ва мурофиавӣ;
  • малакаи касбии кор бо компютер - MS Office (Word, Excel, PowerPoint, Visio ҳатмист), донистани хуби барномаҳо барои кор дар шабакаи интернет;
  • донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ ҳатмист, донистани забони англисӣ афзалият дорад;
  • қобилияти баланди таҳлиливу тадқиқотӣ ва хулосабарорӣ;
  • донистани Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ (МСФО) афзалият дорад;
  • маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пеш бурдани муросилот ва ҳисобот бо забонҳои давлатӣ ва русӣ;
  • доштани собиқаи корӣ дар ташкилотҳои молиявии кишвар на кам аз 2 сол.

II
Сармутахассиси шуъбаи захираҳои ҳатмӣ ва коғазҳои қиматнок (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • таҳсилоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
  • қобилияти баланди таҳлиливу тадқиқотӣ ва хулосабарорӣ;
  • маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пеш бурдани муросилот ва ҳисобот бо забонҳои давлатӣ ва русӣ;
  • малакаи касбии кор бо компютер – MS Office (Word, Excel, Power Point, Visio ҳатмист), донистани хуби барномаҳо барои кор дар шабакаи интернет;
  • донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ ҳатмист, донистани забони англисӣ афзалият дорад;
  • малакаи касбии кор бо НАБ (Низоми автоматикунонии бонкӣ)
  • донистани Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ (МСФО) афзалият дорад;
  • доштани собиқаи корӣ дар ташкилоҳои молиявии кишвар на кам аз 2 сол.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
  • ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
  • маълумотнома (справка-объективка);
  • варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
  • тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
  • расм 2 дона андозаи 3х4;
  • нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
  • нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
  • маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
  • нусхаи билети ҳарбӣ;
  • нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).
Ҳуҷҷатҳоро дар нишони зерин қабул менамоянд:
  • ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 38/1, Идораи кормандон
  • Барои маълумот - тел: (+992) 44 600-32-32; (+992) 44 600-31-38
  • Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 17.06 .2021


Возврат к списку