4 июни соли 2021 Гурӯҳи корӣ дар ҳайати Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, Директори НБО “Норак”, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фазлиддин Шоиддинов, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулғаффор Раҳмонзода, аз Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии техникии махсуси шаҳри Душанбе”-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2021, таҳти №АП-52 сарпарастии онро ба уҳда доранд, дидан намуда, аз вазъи феълии муассиса ва шароити зисту таҳсили тарбиятгирандагон аз наздик шинос шуданд.
Дар рафти шиносоии Гурӯҳи корӣ бо вазъи муассиса маълум гардид, ки барои беҳтар кардани шароити таҳсил ва будубоши таълимгирандагон зарурати роҳандозӣ намудани як қатор тадбирҳои амалӣ вуҷуд дорад, аз ҷумла ба роҳ мондани корҳои таъмиру таҷдид дар бинои таълимӣ, бинои хобгоҳ ва амборҳо барои нигоҳдории ашёҳои аввалиндараҷа, корҳои навсозӣ дар таъмини гармидиҳӣ, таъминоти хӯрокворӣ, бунёди майдонча ва толори варзишӣ ва ғайра аз зумраи онҳост.
Баъд аз шиносоӣ бо вазъи воқеии Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии техникии махсуси шаҳри Душанбе” Гурӯҳи корӣ бо тарбиятгирандагони муассиса мулоқот анҷом дода, фикру мулоҳизаи онҳоро оид ба шароити зист, барномаи таълимӣ ва касбомӯзӣ фаҳмида, хулосаи зарурӣ бардошт намуд.
Баъди баррасии масъалаҳои ҷойдошта зимни боздид Гурӯҳи корӣ иборат аз Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, Директори НБО “Норак”, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фазлиддин Шоиддинов, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулғаффор Раҳмонзода тасмим гирифтанд, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва рушди муассисаи мазкур дар наздиктарин муҳлат Нақшаи чорабиниҳоро таҳия карда, давра ба давра барои роҳандозӣ намудани корҳои тармиму таҷдид ва таъминот аз рӯи зарурат ва дархост чораҳои амалиро андешанд.
Маврид ба зикр аст, ки Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии техникии махсуси шаҳри Душанбе” муассисаи таълимгоҳи махсус буда, соли 1947 бунёд карда шудааст.
Феълан дар таълимгоҳ 35 нафар хонандагон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд ва вобаста ба эҳтиёҷот ва пешниҳоди комиссияҳои махсус шумораи талабагон тағйир ёфта, муассиса метавонад дар як вақт то 80 нафар хонандагонро сарпарастӣ намояд.
Муассисаи мазкур ягона таълимгоҳи махсус мебошад, ки дар он наврасони синни 14-18 сола аз тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ барои таълиму тарбия ва омӯхтани касбу ҳунарҳои гуногун фаро гирифта мешаванд.
Асоси таълимгирандагонро ятимони кулл, нимятимон, фарзандоне, ки волидайнашон онҳоро саробонӣ намекунанд, инчунин дигар табақаҳои ниёзманди ҷомеа ташкил мекунанд.
Шуъбаи матбуот