Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор” Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо қарори навбатии худ аз 1 июни соли 2021, таҳти №101 ба Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “СИ ЭЙЧ ЭЛ ИНТЕРНЕШНЛ” барои анҷомдиҳии хизматрасонии (фаъолияти) махсус бо асъори хориҷӣ ба муҳлати 3 сол иҷозатнома дод.
Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор вазифадор карда шуд, ки дар Феҳристи дорандагони иҷозатнома барои анҷомдиҳии хизматрасонии (фаъолияти) махсус бо асъори хориҷӣ сабти дахлдорро ворид намояд.
Шуъбаи матбуот