Дар бораи додани иҷозатнома

Бойгонии ахбор
23.06.2021

Дар бораи додани иҷозатнома

Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2021, таҳти №105 дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор” барои анҷомдиҳии хизматрасонии (фаъолияти) махсус бо асъори хориҷӣ ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати 3 сол иҷозатнома дода шуд.

Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор вазифадор карда шуд, ки дар Феҳристи дорандагони иҷозатнома барои анҷомдиҳии хизматрасонии (фаъолияти) махсус бо асъори хориҷӣ сабти дахлдорро ворид намояд.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку