Ваҳдати миллӣ – таҷассумгари якпорчагии миллати тоҷик

Бойгонии ахбор
25.06.2021

Ваҳдати миллӣ – таҷассумгари якпорчагии миллати тоҷик

25 июни соли 2021 дар Бонки миллии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили 24-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло, Муовини Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Раҷабзода Равшан Муҳиддин, муовинони Раиси БМТ Толибзода Фирдавс Назримад, Ёқубзода Мирҳаёт Миробид ва ҳайати кормандон ширкат варзиданд.

NBTL0849.JPG

Нахуст Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода аҳли нишастро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрику муборакбод гуфта, барояшон рӯзгори орому осуда ва осмони софи беғуборро орзу намуд.

Ҳоким Холиқзода зимни суханронӣ қайд кард, ки имрӯзҳо аз имзои санади муҳим ва тақдирсози таърихи давлатдории нави миллии мо, яъне Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки дар хотираи таърихии мардуми сулҳпарвари мо асрҳои аср боқӣ хоҳад монд, бисту чор сол сипарӣ мегардад. Мардуми кишвар бо сипосу шукргузорӣ аз сулҳу суботи комил ва умед ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон ҳар сол ин ҷашни фархундаро дар саросари мамлакат ва берун аз он бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мекунанд. Ҷашни Ваҳдати миллӣ, ки аз фарҳангу хиради волои мардуми тоҷик сарчашма мегирад, имрӯз воқеан таҷассумгари иттиҳоди ҳамаи сокинони мамлакат ва якпорчагии Тоҷикистони азиз мебошад.

NBTL0786.JPG

“Таърих гувоҳ аст, ки мардуми шарафманди мо тавассути фарҳанги таҳаммулгарову башардӯстона ва фарзандони фарзонаву фидоии хеш борҳо давлату ҷомеаи шаҳрвандии худро аз гирдоби ҳалокатбори ҷангу хунрезиҳо берун кашидааст. Ба бахти мардуми мо, дар рӯзгори душвори солҳои навади садаи бист ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид, ки бо камоли кордонӣ, ҷасорату матонат ва зиракию ҳусни тадбир Тоҷикистонро аз коми оташи ҷанги дохилӣ берун оварда, истиқлолу озодӣ ва асолату ҳувияти миллиро ҳифз намояд. Бинобар ин, бо камоли итминон метавон гуфт, ки дар кишвари мо ҷашни Ваҳдати миллӣ ба кору пайкори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд мебошад”, - таъкид намуд Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода.

NBTL0759.JPG

Муовини Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Раҷабзода Равшан Муҳиддин зимни маърӯзаи хеш оид ба “Ваҳдати миллӣ - асоси рушди қонунгузории мамлакат” суханронӣ карда, имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро сарчашмаи сулҳу ягонагӣ, ваҳдату якдилӣ ва ҳамдигарфаҳмию рафоқати мардуми тоҷик маънидод намуд.

- Сулҳу ваҳдат чун омили сарнавиштсоз, пойдевори ҳастии миллат ва арзиши муқаддаси миллӣ ҷовидона боқӣ мемонад. Тавре Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошии худ ба муносибати таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ иброз доштанд, таъмин намудани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ки аз Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии мамлакат сарчашма мегирад, барои қатъи мухолифати мусаллаҳона ва ҷангу хунрезӣ, сарҷамъии миллати тоҷик, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва таъсиси низоми ҳуқуқии адолатпеша асоси мустаҳкам гузошт. Маҳз ба ҳамин хотир, масъалаи ваҳдати миллӣ ба яке аз арзишҳои волои ҷомеаи мо табдил ёфта, барои мардуми шарифи Тоҷикистон қадру қимати баланд дорад”, - қайд кард Равшан Раҷабзода.

NBTL0694.JPG

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бори дигар таъкид намуд, ки имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ имрӯз ҳамчун таҷрибаи нодирӣ сулҳофарӣ дар минтақа ва ҷаҳон эътироф гардида, нақши тарроҳи он – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бе чунучаро барҷаста муаррифӣ мегардад ва ин боиси ифтихор ва эътимоди ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аст.

Баъдан Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо истифода аз фурсати муносиб ҳозиринро бо ҷашни дигар – таҷлили 30-солагии таъсисёбии Бонки миллии Тоҷикистон, ки 28 июн қайд карда мешавад, низ табрик намуд.

NBTL0638.JPG

“Бонки миллии Тоҷикистон аз аввали солҳои ташкилёбӣ (соли 1991) фаъолияти худро аз такмили заминаи қонунгузорӣ, ба муомилот баровардани пули миллӣ, бунёди сиёсати мукаммали пулию қарзӣ, таҳкими назорати бонкӣ ва муҳайё кардани ҳисоббаробаркуниҳои мунтазаму боэътимод оғоз намуда, то ин замон ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. 26 октябри соли 2000 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №415 дар хусуси аз 30 октябри соли 2000 ба муомилот баровардани воҳиди нави пули миллии кишвар “сомонӣ”, ки ба ифтихори асосгузори аввалин давлати мутамаркази тоҷикон Исмоили Сомонӣ номгузорӣ шудааст, ба имзо расид ва пулҳои коғазии сомонӣ ва воҳиди хурди он дирам ба муомилот бароварда шуд. Бо ҷорӣ гардидани ислоҳот дар низоми бонкӣ ва барпо шудани асосҳои низоми мустақили пулӣ (ба муомилот баровардани “рубли тоҷикӣ” ва “сомонӣ”) Бонки миллии Тоҷикистон барои таҳия ва амалӣ намудани сиёсати мустақили пулию қарзӣ ҷиҳати танзими ҳаҷми пул дар муомилот ва нигоҳ доштани устувории пули миллӣ якчанд фишангҳои монетарӣ (бахусус меъёри бозтамвил, меъёри захираҳои ҳатмӣ, амалиёт дар бозори озод, танзими асъор ва ғайра)-ро дар амал татбиқ намуд, ки он ҳамчун марҳилаи нави ташаккули сиёсати пулию қарзӣ боиси барпо шудани асосҳои муҳимтарини низоми мукаммали бонкӣ дар ҷумҳурӣ гардид”- қайд намуд Ҳоким Холиқзода.

NBTL0688.JPG

Таъкид гардид, ки маҳз туфайли Ваҳдати миллӣ имрӯз дар давлати мо парчами сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ, истиқлолияти комил ва соҳибдавлатӣ парафшон аст. Вобаста ба ин ҷумҳурии соҳибистиқлолу азизи мо дар марҳилаи сифатан нави рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ қарор дорад ва ба кишвари дорои низоми муосири муносибатҳои бозаргонӣ, иқтисоди миллии рушдёбанда ва фазои мусоид барои нақшаҳои бузурги пешрафту созандагӣ табдил ёфтааст.

NBTL0803.JPG

Дар фарҷом Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бори дигар аҳли нишастро ба муносибати 24-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30-юмин солгарди таъсисёбии Бонки миллии Тоҷикистон, самимона табрик гуфта, аз аҳли нишаст даъват ба амал овард, ки барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми босазо гузоранд.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку