Мулоқоти Раиси БМТ бо Сафири Ҷумҳурии Туркия

Бойгонии ахбор
09.07.2021

Мулоқоти Раиси БМТ бо Сафири Ҷумҳурии Туркия

8 июли соли 2021 Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Эмре Зекӣ Карагёл ва мушовири тиҷоратии Сафорати Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Эмраҳ Соганҷӣ мулоқоти корӣ анҷом дод.

NBTL1290.JPG

Дар оғози мулоқот Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ҷаноби Эмре Зекӣ Карагёлро бо таъйин шудан ба вазифаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик карда, барои иҷрои вазифаҳои дипломатӣ барору комёбӣ таманно намуд.

“Ҷумҳурии Туркия яке аз шарикони боэътимоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, муносибатҳои ду кишвар дар ҳамаи бахшҳо, аз ҷумла иқтисодиёту тиҷорат бо маром рушд карда истодааст. Дар оянда низ мо барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва тақвияти равобити тиҷоратӣ, аз ҷумла дар самти рушди низоми бонкӣ омода ҳастем”,-таъкид дошт Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода.

NBTL1283.JPG

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмре Зекӣ Карагёл дар навбати худ, аз фароҳам будани фазои мусоиди тиҷоратӣ ва фаъолияти пурсамари ширкатҳои бонуфузи туркӣ дар Тоҷикистон изҳори хушнудӣ намуда, иброз дошт, ки ташрифи қарибулвуқӯи Президенти Ҷумҳурии Туркия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими муносибатҳои тиҷоратии дуҷониба такони тоза хоҳад бахшид.

Зимни вохӯрӣ, инчунин вазъи мураккаби эпидемиологӣ дар ҷаҳон, таъсири пандемия ба бахши иқтисодиёти кишварҳо ва роҳҳои бартараф намудани паёмадҳои он муҳокима карда шуд.

NBTL1256.JPG

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода оид ба низоми бонкии Тоҷикистон ва дигаргуниҳое, ки дар лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳавасмандгардонии сармоягузорони хориҷӣ, аз ҷумла бахши бонкдорӣ пешбинӣ шудааст, маълумот дода, пешниҳод намуд, ки ҳамкории бонкҳои марказӣ ва ташкилотҳои қарзии ду кишвар тақвият дода шавад.

“Таҳия ва ба имзо расонидани Протоколи ҳамкорӣ байни бонкҳои марказии ду кишвар, кушодани филиалҳои бонкҳои Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва табодули таҷриба намудани кормандони бонкҳои марказӣ метавонад идомаи ҳамкориҳои пурмаҳсули ду кишвар бошад”,-қайд кард Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмре Зекӣ Карагёл низ имзои Протоколи ҳамкорӣ, кушодани филиали бонкҳои Туркия дар Тоҷикистонро ҷонибдорӣ намуда, зикр кард, ки иқдоми мазкур метавонад барои рушди бештари равобити иқтисодию тиҷоратии ду кишвар мусоидат намояд.

NBTL1281.JPG

Дар рафти мулоқот инчунин, масъалаҳои тавсеаи шабакаи муносибатҳои муросилотӣ миёни ташкилотҳои қарзии кишварҳо, бо асъори хориҷӣ кушодани суратҳисобҳои муросилотии бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон дар бонкҳои Туркия, пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок барои бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон ҷиҳати афзоиши содирот ва воридоти молу ашё байни ду кишвар муҳокима гардиданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо бори дигар барои тақвияти бештари ҳамкориҳо дар самти рушди низоми бонкии ду кишвар ва таҳияи лоиҳаи Протоколи ҳамкорӣ байни бонкҳои марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия изҳори омодагии хешро баён намуданд.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку