Аёдати ниёзмандон дар арафаи Иди саиди Қурбон

Бойгонии ахбор
16.07.2021

Аёдати ниёзмандон дар арафаи Иди саиди Қурбон

Бонки миллии Тоҷикистон бо риояи анъанаи неки дерин, бо такя ба иқдомҳои хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии шахсони ниёзманд, беморон, маъюбон ва ятимон дар арафаи Иди саиди Қурбон барои бошандагони Муассисаи давлатии “Хона-интернати беморони руҳии шаҳри Ҳисор” дастурхони идона ороста, барояшон маводи ғизоӣ дастрас намуд.

NBTL1480 01.jpg

Роҳбарияти БМТ бошандагони муассиса, табибону парасторони ин даргоҳро бо фарорасии Иди саиди Қурбон муборакбод гуфта, ғамхорӣ ва дастгирии ятимону бепарасторон ва ниёзмандонро яке аз рукнҳои муҳими ин ҷашн маънидод намуд.

Таъкид гардид, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар арафаи иду айём пайваста ба табақаҳои ниёзманди ҷомеа дасти кӯмак дароз мекунад ва дар оянда низ ин суннати ниёгонро идома хоҳад дод.

Масъулини Муассисаи давлатии “Хона-интернати беморони руҳии шаҳри Ҳисор” барои ғамхориҳои пайваста, ки аз сиёсати иҷтимоӣ ва инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, изҳори сипос намуд.

NBTL1418 02.jpg

Дар баробари ин, Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон новобаста аз иду айём аз шароит ва сатҳу сифати зиндагии бошандагони муассисаи мазкур мунтазам дидан мекунанд.

Маврид ба зикр аст, ки Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон сарпарастии Муассисаи давлатии “Хона-интернати беморони руҳии шаҳри Ҳисор”-ро ба уҳда гирифта, баҳри беҳбуд бахшидани шароити будубош ва болидаруҳии бошандагон ва кормандони он пайваста талош менамояд.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку