Дар бораи ҶДММ ТСА “Спитамен Суғурта”

Бойгонии ахбор
09.08.2021

Дар бораи ҶДММ ТСА “Спитамен Суғурта”

Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 06 августи соли 2021, таҳти №128 дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди ташкилоти суғуртавӣ ва азнавсуғуртакунии “Спитамен Суғурта” бинобар сабаби тағйир ёфтани номи он Иҷозатнома барои амалӣ намудани фаъолияти суғуртавӣ, тавассути аз нав ба расмият даровардан, ба муҳлати то 19 ноябри соли 2025 дода шуд.

Мутобиқи қарори мазкур Иҷозатномаҳои қаблии Ҷамъияти суғуртавии дорои масъулияти маҳдуди “Спитамен Суғурта” аз 06 апрели соли 2020, таҳти №49 ва аз 19 ноябри соли 2020, таҳти №155, ки бо қарорҳои Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дода шудаанд, аз эътибор соқит дониста шуд.

Дар робита ба иҷрои қарори мазкур Идораи назорати суғуртавӣ уҳдадор гардид, ки дар Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта сабти дахлдорро ворид намояд.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку