Вохӯрии Нуралиев Ҷамолиддин Камолович бо роҳбарон ва шахсони масъули бонкҳои ваколатдор вобаста ба қонунигардонии маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бонкҳо

Бойгонии ахбор
24.08.2021

Вохӯрии Нуралиев Ҷамолиддин Камолович бо роҳбарон ва шахсони масъули бонкҳои ваколатдор вобаста ба қонунигардонии маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бонкҳо

23 августи соли 2021 таҳти роҳбарии Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин Камолович дар бинои БМТ вобаста ба қонунигардонии маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бонкҳо ҷаласаи васеъ баргузор гардид, ки дар он роҳбарон ва шахсони масъули бонкҳои ваколатдори кишвар иштирок намуданд.

NBTL2567.JPG

Дар оғози вохӯрӣ Нуралиев Ҷамолиддин Камолович доир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки ҷиҳати иҷрои вазифаҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ироашуда таҳия гардид, маълумот дода, таъкид намуд, ки Қонуни мазкур аз ҷониби гурӯҳи кории байниидоравӣ таҳия ва 2 июли соли 2021, таҳти №1802 қабул шудаву 5 июли соли 2021 мавриди амал қарор гирифт.

“Ҳадаф аз мулоқоти имрӯза, пеш аз ҳама дарки нуктаҳои муҳими Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҷониби роҳбарон ва шахсони масъули бонкҳои ваколатдори кишвар ва ба таври пурра амалигардонии он мебошад”,-таъкид намуд Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Камолович.

NBTL2444.JPG

Қайд карда шуд, ки мақсад аз қабули Қонуни мазкур ворид гардидани сармояи иловагӣ ба низоми молиявӣ-бонкӣ ва ба ин васила бештар гардидани маблағгузориҳо ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ, таъсис ёфтани ширкатҳои нав, беҳтар гардидани сармояи оинномавии ширкатҳои амалкунанда ва таъсиси ҷойҳои кории нав, ба иқтисодиёти расмӣ баргардонидани маблағҳои андозсупорандагон аз иқтисодиёти пинҳонӣ, коҳиш ёфтани сатҳи иқтисодиёти ғайрирасмӣ, вусъат ёфтани гардиши коғазҳои қиматнок, рушди маблағгузории сохтмони молу мулки ғайриманқул, маблағгузории хоҷагиҳои деҳқонӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, саноатӣ, инфрасохтори сайёҳӣ, минтақаҳои озоди иқтисодӣ, воридшавии сармоя аз хориҷи кишвар ва беҳтар гардидани мавқеи тавозуни пардохти ҷумҳурӣ мебошад.

Дар ҷараёни мулоқот тазаккур дода шуд, ки ҷиҳати ноил гардидан ба мақсадҳои зикргардида, аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон чораҳои мушаххас андешида шуда истодааст. Аз ҷумла, пас аз қабули Қонуни мазкур, қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон “Дар бораи талаботи махсус ҳангоми кушодани суратҳисобҳои амонати муҳлатнок ё дархостшавандаи бонкӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба онҳо маблағҳои қонунигардонидашаванда ворид карда мешаванд, намунаи шакли шаҳодатнома оид ба қонунигардонии маблағ дар варақаи махсус, шакли ҳисобот ва рӯйхати бонкҳои ваколатдор” қабул шуд, ки он барои бонкҳои ваколатдор мутобиқи рӯйхати тасдиқшуда ё филиалҳои онҳо риояи қоидаҳои иловагиро ҳангоми кушодани суратҳисобҳои амонати муҳлатнок ё дархостшавандаи бонкӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба онҳо маблағҳои қонунигардонидашаванда ворид карда мешаванд, муқаррар менамояд. Инчунин, бо қарори мазкур, намунаи шакли шаҳодатнома оид ба қонунигардонии маблағ, шакли ҳисобот ва рӯйхати бонкҳои ваколатдор тасдиқ карда шудааст.

NBTL2650.JPG

Ҳамчунин, зимни вохӯрӣ раванди қонунигардонии маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бонкҳо, тартиби пур кардани шакли ҳисоботи оморӣ ва дигар масъалаҳо вобаста ба амалигардонии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба намояндагони бонкҳои ваколатдори кишвар аз ҷониби мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон бо истифода аз рӯнамо шарҳу тавзеҳ дода шуд.

Дар рафти мулоқот, иштирокдорон вобаста ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва раванди амалигардонии он табодули назар намуда, ҷиҳати татбиқи босамари он фикру мулоҳизаҳои худро баён доштанд.

NBTL2454.JPG

Дар ҷамъбасти ҷаласа Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин Камолович бори дигар таъкид намуд, ки дар раванди қонунигардонии маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бонкҳо бояд мутахассисони соҳибтаҷрибаи бонкҳо ҷалб гардида, инчунин корҳои фаҳмондадиҳӣ низ миёни аҳолӣ, махсусан дар минтақаҳои дурдасти кишвар ҷоннок карда шаванд. Ҳамчунин, роҳандозии иқдомоти таблиғотиву ташвиқотӣ тавассути ВАО низ барои татбиқи дурусти Қонуни мазкур самараовар хоҳад буд.

Хотирнишон карда шуд, ки дар сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон вобаста ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва раванди амалигардонии он санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулгардида ҷойгир карда шудаанд, ки бонкҳои ваколатдор метавонанд тибқи ин санадҳо фаъолияти худро дар самти қонунигардонии маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом диҳанд.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку