Аз 17 то 20 августи соли 2021дар шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар ш. Кӯлоб (вилояти Хатлон) бо ташаббуси Маркази омӯзишӣ – методии Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон курси омӯзишӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) баргузор гардид.
Дар курси омӯзишии мазкур кормандони шуъбаҳои минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар ш Кӯлоб, ш. Бохтар, ш. Хоруғ ва зиёда аз 30 нафар мутахассисони ташкилотҳои қарзии молиявии дар ҳудуди вилояти Хатлон фаъолиятдошта, аз ҷумла БДА ҶТ “Амонатбонк”, ҶСК "Ориёнбонк"; ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд”; ҶСК “Тавҳидбонк”; ҶСП “Бонки Эсхата”, ҶСП “Спитамен Бонк”, ҶСП "Бонки байналмилалии Тоҷикистон", ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон”, ҶСП ТАҚХ “Имон Интернешнл”, ҶДММ ТАҚХ “ФАЗО С” ва ҶДММ ТҚХ “Фурӯз” иштирок намуданд.
Чорабиниро Мудири шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар ш. Кӯлоб Алиаҳмад Юсуфзода оғоз намуда, оид ба зарурати баргузории чунин чорабинии омӯзишӣ ва бо мақсади баланд бардоштани савияи тахассусии кормандони ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба иштирокчиёни курс маълумот манзур намуд.
Лозим ба ёдоварист, ки курси омӯзишӣ тибқи Барномаи омӯзишии Маркази омӯзишӣ – методӣ бо иштироки кормандони Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон амалӣ гардид.
Шунавандагони курс бо самтҳои мухталифи мавзӯҳои марбут ба МҚД/МТ/МПСҚО шинос шуданд , аз ҷумла:
Қайд кардан ба маврид аст, ки курсҳои омузишӣ барои шунавандагон на танҳо аҳамияти назариявӣ,балки аҳамияти амалӣ низ дорад, зеро мутахассисони зикршуда дар фаъолияти худ амалиётҳоеро анҷом медиҳанд, ки бевосита ба масъалаҳои марбут ба МҚД/МТ/МПСҚО дахл доранд.
Дар анҷом ба иштироккунандагони чорабинии омӯзишӣ сертификати хатми курси мазкур тақдим гардид.