27 августи соли 2021 дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, муовини якуми Раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев, муовинони Раис Мирҳаёт Ёқубзода, Моҳбону Накҳатзода ва ҳайати кормандони БМТ ҷиҳати тақдими мукофотҳои давлатӣ ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
Чорабиниро Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Ҳолиқзода ифтитоҳ намуда, қабл аз ҳама ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои қадршиносии заҳматҳои кормандони Бонки миллии Тоҷикистон миннатдории хешро баён намуд ва таъкид дошт, ки дар ҷавоб ба ин ғамхориҳои Сарвари давлат, минбаъд низ кормандони БМТ неруву тавони худро баҳри рушди низоми бонкии кишвар равона хоҳанд кард.
Баъдан, аз ҷониби муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид дар арафаи таҷлил аз ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба директори Департаменти назорати бонкӣ Шарипов Фирӯз Ҳумдинович, сардори Идораи омор ва тавозуни пардохт Баҳриддинов Бахтиёр Амриддинович ва сардори Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ Бозоров Улуғбек Наҷмиддинович барои фаъолияти самараноку дастовардҳои баланди истеҳсолӣ медали “Хизмати шоиста” тақдим гардид.
Ба котиби Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон Саломзода Гулнора Ғулом бошад барои хизматҳои софдилона ва пурсамар “Ифтихорнома”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Ҳамчунин, имрӯз аз ҷониби Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба сардори Шуъбаи сохтмони Бонки миллии Тоҷикистон Муҳаббатов Насим Муҳаббатович медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” тақдим карда шуд.
Муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид зимни тақдими мукофотҳои давлатӣ таъкид намуд, ки давоми солҳои охир низоми бонкии кишвар бомарому устувор рушд намуда истодааст ва сарфароз гардидани кормандони Бонки миллии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ далели қадршиносии роҳбарияти мамлакат аз заҳматҳову талошҳои онҳо ҷиҳати рушди соҳа, таҳлилу пешниҳодҳои муфид, татбиқи ислоҳот дар низом ва рушди иқтисодиёти кишвар мебошад.
Ёдовар мешавем, ки бо медали “Хизмати шоиста” шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои комёбиҳои меҳнатӣ дар соҳаи иқтисодиёт, иҷтимоӣ, илм, фарҳанг, барои комёбиҳо дар хизмати давлатӣ, ҳарбӣ ва дар кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сарфароз гардонида мешаванд.
Шуъбаи матбуот