Бонки миллии Тоҷикистон дар партави ҳидоятҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ҷонибдории комил аз сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат ҷиҳати дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа, 8 сентябри соли 2021 дар арафаи таҷлили сазовори ҷашни миллии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бошандагони Муассисаи давлатии “Хона-интернати беморони руҳии шаҳри Ҳисор” кӯмаки навбатии хайриявӣ ирсол намуд.
Ҳамчунин, баҳри болидаруҳии бошандагони ин даргоҳ дастархони идона ороста шуд, ки иқдоми мазкур идомаи анъанаи неки таҳияи хони идона дар арафаи иду айём мебошад.
Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон аҳли муассисаро бо дастоварди боарзиштарини халқи тоҷик - 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, барояшон сиҳатмандӣ, саодати рӯзгор ва сулҳу суботи сартосариро таманно намуданд.
Таъкид карда шуд, ки қишри ниёзманди ҷомеа ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, нисбати онҳо ғамхорӣ ва дастгирӣ зоҳир карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун сарпараст ба бошандагони Муассисаи давлатии “Хона-интернати беморони руҳии шаҳри Ҳисор” ба таври доимӣ дасти ёрӣ дароз намуда, барои боз ҳам беҳтар гардидани шароити муассиса пайваста талош менамояд.
Шуъбаи матбуот