Ёддошти тафоҳум миёни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки давлатии Покистон

Бойгонии ахбор
20.09.2021

Ёддошти тафоҳум миёни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки давлатии Покистон

16 сентябри соли 2021 дар доираи мулоқоту музокироти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон, ки бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард, дар ҳузур ва бо иштироки Сарони давлатҳо як қатор санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Аз ҷумла, бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд миёни бонкҳои марказии ду кишвар – Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки давлатии Покистон, инчунин Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ва Воҳиди мониторинги молиявии Покистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

Тибқи муқаррароти Ёддошти тафоҳум ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки давлатии Покистон дар самти мубодилаи маълумот оид ба устуворӣ ва рушди низоми бонкӣ, мубодилаи таҷрибаи ҳамдигар, ташкили машварат, семинару таҷрибаомӯзӣ ва иштирок дар ҳайатҳои корӣ оид ба танзиму назорати бонкҳо ба роҳ монда мешавад.

Ёддошти тафоҳум имкон медиҳад, ки равобити байналмилалии Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки давлатии Покистон, пеш аз ҳама дар самти назорати низоми бонкии ду кишвар тавассути ҳамоҳангсозии назари тарафҳо боз ҳам тақвият ёфта, ҷиҳати рушду инкишофи бахшҳои молиявию иқтисодии ҷонибҳо шароити мусоид фароҳам оварда шавад.

Ҳамзамон, барои рушди муносибатҳои тарафайн миёни Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ва Воҳиди мониторинги молиявии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи иттилоот вобаста ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, ҷиноятҳои асосӣ (предикатӣ) ва маблағгузории терроризм Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку