Дар бораи КИВИ БОНК

Бойгонии ахбор
22.09.2021

Дар бораи КИВИ БОНК

Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 16 сентябри соли 2021 таҳти №138, бинобар сабаби ба итмом расидани муҳлати амали иҷозатномаи КИВИ БОНК (Ҷамъияти саҳомӣ) барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ба КИВИ БОНК (Ҷамъияти саҳомӣ) барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “CONTACT” ба муҳлати 5 (панҷ) сол бо роҳи тамдид иҷозатнома дода шуд.

Мутобиқи қарори мазкур, Иҷозатномаи КИВИ БОНК (Ҷамъияти саҳомӣ) аз 30 августи соли 2018 беэътибор дониста шуда, Идораи низоми пардохт вазифадор гардид, ки дар Феҳристи операторони низоми пардохтӣ оид ба тағйироти зерин сабти дахлдорро ворид намояд.


Шуъбаи матбуот


Возврат к списку