Бинобар сабаби ба итмом расидани муҳлати амали иҷозатномаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ташкилоти суғуртавии “Муин” дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 21 сентябри соли 2021, таҳти №141 ба ҶДММ “Ташкилоти суғуртавии “Муин” барои фаъолияти суғуртавӣ аз рӯи намудҳои суғуртаи ихтиёрӣ бо роҳи тамдид ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дода шуд.
Мутобиқи қарори мазкур, иҷозатномаи ҶДММ “Ташкилоти суғуртавии “Муин”, ки бо қарори Комиссияи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2016, таҳти №21 ҷиҳати амалисозии фаъолияти суғуртавӣ дода шудааст, аз эътибор соқит дониста шуда, Идораи назорати суғуртавӣ уҳдадор гардид, ки дар Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта сабти дахлдорро ворид намояд.
Шуъбаи матбуот