12.10.2021
Эълони Озмун
БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаҳои холии зерин
ОЗМУН
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
Департаменти мониторинги молиявӣ
I
Мутахассиси шуъбаи коркарди иттилоот (шартномавӣ)
Талабот ба номзад :
- таҳсилоти олии техникӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ (IT);
-
таҷрибаи корӣ дар самти маъмурии низомҳои автоматишуда;
-
таҷрибаи корӣ оид ба низомҳои маҷозӣ (виртуализатсия);
-
таҷрибаи корӣ вобаста ба омода ва идоракунии низомҳои пойгоҳҳои маълумотӣ (Oracle, MS SQL ва дигарҳо);
-
таҷрибаи корӣ оид ба маъмурии системаҳои омилии Microsoft Windows Server (Mail-server, Web-server ва ғ.) UNIX, Linux, афзалият дорад;
-
донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад.
II
Мутахассиси дараҷаи II (шартномавӣ) шуъбаи коркарди иттилоот
Талабот ба номзад:
- таҳсилоти олии техникӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ (IT);
-
таҷрибаи корӣ дар самти маъмурии низомҳои автоматишуда;
-
таҷрибаи корӣ оид ба низомҳои маҷозӣ (виртуализатсия);
-
таҷрибаи корӣ вобаста ба омода ва идоракунии низомҳои пойгоҳҳои маълумотӣ (Oracle, MS SQL ва дигарҳо);
-
донистани яке аз забонҳои барномасозии муосир (Java, Javascript, C#, Python, PHP ва дигарҳо);
-
донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад.
III
Пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотӣ
директори пажӯҳишгоҳ (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- маълумоти олии молиявӣ-иқтисодӣ;
-
доштани унвони илмӣ – номзад, доктори илмҳои иқтисодӣ (Master’s in Finance or in Economics, PhD)- ҳатмӣ;
-
доштани таҷрибаи кории на камтар аз 5 сол дар сатҳи роҳбарикунанда дар муассисаҳои иқтисодӣ, молиявӣ ва низоми бонкӣ;
-
донистани забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ - ҳатмӣ;
-
доштани маҳорати баланди идоракунӣ, салоҳиятнокӣ, масъулият ва одоби касбӣ;
-
малакаи касбии кор бо компютер – Ms Office (Word, Exсel, Power Point, Visio) ҳатмист;
-
доштани қобилият ва маҳорати кофии моделсозии иқтисодӣ-бонкӣ дар барномаҳои Stata, Eviews, MatLab – афзалият дорад;
-
дар сатҳи кофӣ доштани қобилияти баланди тадқиқотӣ, таҳлилӣ ва хулосабарорӣ дар омода намудани ҳисоботҳои аналитикӣ ҳатмист;
-
маълумоти кофӣ оид ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи бонкӣ, молия ва иқтисод ҳатмист;
-
маҳорати баланди ибрози андеша, малакаи рӯнамоӣ намудан бо се забон (давлатӣ, русӣ ва англисӣ);
-
доштани қобилияти баланди техникаи ҳуқуқэҷодкунии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ.
IV
Муовини директори пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ, (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- маълумоти олии иқтисодӣ, молиявӣ;
-
доштани унвони илмӣ (Master’s in Finance or in Economics, PhD) ҳатмист;
-
доштани таҷрибаи кории на камтар аз 5 сол дар сатҳи роҳбарикунанда дар муассисаҳои иқтисодӣ, молиявӣ ва низоми бонкӣ;
-
донистан ва таҳия намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи бонкӣ;
-
доштани маҳорати баланди идоракунӣ, салоҳиятнокӣ, масъулият ва одоби касбӣ;
-
малакаи касбии кор бо компютер – Ms Office (Word, Exсel, Power Point) ҳатмист;
-
донистани забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ ҳатмист;
-
доштани қобилияти баланди тадқиқотӣ, таҳлилӣ ва хулосабарорӣ дар омода намудани ҳисоботҳои аналитикӣ-дурнамоӣ.
V
Сармутахассиси шуъбаи методология ва таҳияи санадҳои меъёрии - ҳуқуқӣ (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- маълумоти олии иқтисодӣ, молиявӣ;
-
доштани унвони илмӣ (Master’s in Finance or in Economics, PhD) афзалият дорад;
-
доштани собиқаи корӣ на камтар аз 5 сол дар муассисаҳои иқтисодӣ, молиявӣ ва низоми бонкӣ;
-
доштани қобилияти баланд дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи бонкӣ;
-
малакаи касбии кор бо компютер – Ms Office (Word, Exсel, Power Point, Visio) ҳатмист;
-
донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад.
VI
Cармутахассиси бахши тадқиқоти илмӣ (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- таҳсилоти олии иқтисодӣ, молиявӣ;
-
доштани унвони илмӣ (Master’s in Finance or in Economics, PhD) ҳатмист;
-
малакаи касбии кор бо компютер – Ms Office (Word, Exсel, Power Point) ҳатмист;
-
доштани маҳорати касбӣ ва қобилияти баланди таҳлилӣ (аналитикӣ);
-
донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад;
-
доштани собиқаи корӣ на камтар аз 5 сол дар муассисаҳои илмӣ – тадқиқотӣ, иқтисодӣ ва молиявӣ.
VII
Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар ш.Кӯлоб
Сармутахассиси шуъбаи назорати бонкӣ
Талабот ба номзад :
- маълумоти олӣ;
-
доштани дониши хуби қонунгузории соҳаи бонкӣ;
-
доштани қобилияти баланди таҳлиливу тадқиқотӣ дар таҳия ва омода намудани ҳисоботҳои таҳлилӣ:
-
доштани қобилияти гузаронидани санҷишҳои ҳамаҷонибаи фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ;
-
дониши кофӣ дар соҳаи баҳисобгирӣ ва ҳисоботи молиявӣ;
-
малакаи касбии кор бо компютер, донистани Ms Office (Word, Excell, Power Point) ва донистани хуби барномаҳо барои кор дар шабакаи интернет;
-
донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад;
-
доштани собиқаи корӣ на камтар аз 3 сол дар низоми бонкӣ;
-
надоштани доғи судӣ:
VIII
Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар ш.Бохтар
Сарбозраси шуъбаи назорати бонкӣ
Талабот ба номзад:
- маълумоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
- собиқаи корӣ на камтар аз 4 сол, аз ҷумла дар низоми бонкӣ ё молиявӣ;
- доштани дониши хуб дар самти қонунгузории бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- дониши кофӣ дар соҳаи баҳисобгирӣ ва ҳисоботи молиявӣ;
- доштани қобилияти баланди таҳлилию тадқиқотӣ дар таҳия намудани маводҳои таҳлилӣ;
- маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пеш бурдани муросилот бо забони давлатӣ, русӣ;
- собиқаи корӣ дар соҳаи аудити бонкҳо ва идоракунии хавфҳои бонкӣ афзалият дорад;
- малакаи кор дар компютер, донистани барномаҳои Мs Office (Word, Excel);
- донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад;
- надоштани доғи судӣ.
IX
Мудири хоҷагии шуъбаи кормандон ва корҳо
Талабот ба номзад:
- маълумоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
- доштани қобилияти баланди молшиносӣ (дар ҳолати харидорӣ намудани молу ашёҳои хоҷагидорӣ, дафтардорӣ ва идоравӣ);
- малакаи касбии кор бо компютер Мs Office (Word, Excel);
- собиқаи корӣ на камтар аз 2 сол, аз ҷумла дар низоми бонкӣ ё молиявӣ;
- донистани забони давлатӣ, донистани забони русӣ афзалият дорад;
- надоштани доғи судӣ.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
-
маълумотнома (справка-объективка);
-
варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
-
тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
-
расм 2 дона андозаи 3х4;
-
нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
-
нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
-
нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
-
маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
-
маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
-
нусхаи билети ҳарбӣ;
-
нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).
Ҳуҷҷатҳоро дар нишони зерин қабул менамоянд:
- ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 38/1, Идораи кормандон
-
Барои маълумот - тел: + 992 (44) 600-32-32; +992 (44) 600-31-38
-
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 29.10. 2021