Вокуниш ба маводи нашркардаи хабаргузории «Азия-Плюс» аз 11 октябри соли 2021, «Таджикистан причислили к странам с наивысшим уровнем риска отмывания денег”

Бойгонии ахбор
12.10.2021

Вокуниш ба маводи нашркардаи хабаргузории «Азия-Плюс» аз 11 октябри соли 2021, «Таджикистан причислили к странам с наивысшим уровнем риска отмывания денег”

Бонки миллии Тоҷикистон ба иттилои роҳбарияти “Азия-плюс” ва муаллифи матлаби “Таджикистан причислили к странам с наивысшим уровнем риска отмывания денег” (https://www.asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/economic/20211011/tadzhikistan-prichislili-k-stranam-s-naivisshim-urovnem-riska-otmivaniya-deneg) Пайрав Чоршанбиев, ки масъули бевоситаи таъмини саҳеҳияти ахбори интишорёфта мебошанд, мерасонад, ки дар матлаби зикрёфта ба чандин иштибоҳ роҳ дода шуда, маълумоти носаҳеҳ манзури ҷомеа гардидааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар кишварҳои ҷаҳон барои мутобиқ намудани низоми миллии муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ба Тавсияҳои Гурӯҳи таҳияи чораҳои молиявии муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда (ФАТФ), тақвияти фаъолияти ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ ва боло бурдани нуфузу эътибори кишвар чораҳои заруриро амалӣ намуда, аз соли 2004 инҷониб ҳамчун давлати аъзо ба яке аз гурӯҳҳои минтақавии ба монанди ФАТФ - Гурӯҳи Авруосиё шомил мебошад.

Бояд қайд намуд, ки баҳогузории кишвар дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) пас аз гузаронидани баҳодиҳии тарафайни низоми миллӣ дар ин самт муайян карда мешавад.

Маврид ба зикр аст, ки соли 2018 Баҳодиҳии тарафайни низоми миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти МҚД/МТ/МПСҚО аз ҷониби баҳогузорони Гурӯҳи Авруосиё гузаронида шуда, дар ҷаласаи пленарии Гурӯҳи Авруосиё, ҳисобот ва хулосаи иҷроияи баҳодиҳии тарафайни Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид, ки дар он иштирокдорони ҷаласа пешрафти назарраси Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба мукаммалгардонии низоми МҚД/МТ/МПСҚО баъд аз баҳодиҳии тарафайни қаблӣ (соли 2008) таъкид намуданд.

Қобили қайд аст, ки аз ҷониби ФАТФ рӯйхати давлатҳое, ки дар он низоми миллии МҚД/МТ/МПСҚО дар сатҳи паст қарор доранд, мунтазам аз нав карда шуда, руйхати ниҳоии давлатҳое, ки дар он низоми миллии МҚД/МТ/МПСҚО дар сатҳи паст қарор доранд, моҳи июни соли 2021 дар сомонаи расмии ФАТФ[1] нашр карда шудааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин рӯйхат шомил нест.

Гарчанде, дар маводи нашркардаи хабаргузори «Азия-Плюс» Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои дорои хавфи баланди шустушӯи пул ишора карда шудааст, аммо бояд қайд намуд, ки дар ҳуҷҷати “Global Organized Crime Index” сутуни “Anti-Money laundering System”, ки маълумотҳо аз он гирифта шудааст, Ҷумҳурии Тоҷикистон (3,5) дар қатори кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо аз Ҷумҳурии Қазоқистон пасттар буда, нисбат ба дигар ҷумҳуриҳои ин минтақа холҳои якхела ва бартарӣ низ нисбат ба баъзе аз онҳо дар ин самт дар ҳуҷҷат дида мешавад.

Дар робита ба гуфтаҳои боло, Бонки миллии Тоҷикистон чунин мешуморад, ки маълумоти дар мақола интишоршуда якҷониба буда, нодуруст ва аз ҳақиқат дур аст. Шарҳу маънидоди нодурусти масъалаҳои ҳассоси иқтисодӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО ба фазои иқтисодию иҷтимоии кишвар таъсири манфӣ расонида, нашри чунин ахбороти дорои мавқеи байналмилалӣ ба муҳити сармоягузорӣ таъсири ногувор мерасонад.

Бо мақсади роҳ надодан ба ҳар гуна таҳрифи маълумот ва шарҳи чунин интишорот, аз намояндагони ВАО, бахусус, «Азия-Плюс» бо қатъият хоҳиш менамоем, ки дар ин хусус маълумотҳои дуруст ва дақиқ ба аҳли ҷомеа расонида шавад.

Департаменти мониторинги молиявӣ

[1]https://www.fatf-gafi.org/publications/high-risk-and-other-monitored-jurisdictions/documents/increased-monitoring-june-2021.html



Возврат к списку