Дар бораи ҶДММ ТАҚХ “Пайванд Гуруҳ”

Бойгонии ахбор
15.10.2021

Дар бораи ҶДММ ТАҚХ “Пайванд Гуруҳ”

Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 12 октябри соли 2021, таҳти №149 дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ташкилоти амонатии қарзии хурди “Пайванд Гуруҳ” барои додани Иҷозатнома розигӣ дода шуд.

Мутобиқи қарори мазкур Департаменти назорати бонкӣ ва Идораи низоми пардохт барои ворид намудани сабти дахлдор дар Феҳристи ташкилотҳои маблағгузории хурд ва Маълумотномаи “Рамзҳои мушаххаси бонкии ташкилотҳои қарзии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон” вазифадор карда шуданд.

Шуъбаи матбуот

Возврат к списку