Вохӯрии муовини Раиси БМТ бо роҳбарияти Корхонаи сикказании Бонки миллии Қазоқистон

Бойгонии ахбор
18.11.2021

Вохӯрии муовини Раиси БМТ бо роҳбарияти Корхонаи сикказании Бонки миллии Қазоқистон

16 ноябри соли 2021 муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Мирҳаёт Ёқубзода бо директори генералии Корхонаи сикказании Бонки миллии Қазоқистон Александр Транов ва муовини директори генералии ширкати мазкур доир ба масъалаҳои тиҷоратӣ Азия Ибраева мулоқоти корӣ анҷом дод.

NBTL6723.JPG

Мирҳаёт Ёқубзода аз ҳамкории мутақобилан судманди Бонки миллии Тоҷикистон ва Корхонаи сикказании Бонки миллии Қазоқистон ёдовар шуда, таъкид намуд, ки аз соли 2011 инҷониб барои сикказании тангаҳои гардишӣ ва тангаҳои ҷашнии хотиравӣ ҷонибҳо 17 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд ва ҳамаи фармоишоти БМТ аз ҷониби ширкати мазкур бо сифати баланд иҷро карда шуд.

NBTL6720.JPG

Ҳамчунин, муовини Раиси БМТ ба роҳбарият ва кормандони ширкат, ки новобаста ба мушкилоти пандемияи COVID-19 тангаҳои ҷашнии хотиравии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “20-солагии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай”-ро саривақт омода ва дастрас намуданд, изҳори сипос намуд.

NBTL6739.JPG

Директори генералии Корхонаи сикказании Бонки миллии Қазоқистон Александр Транов низ бо қаноатмандӣ аз муносибатҳои дуҷониба изҳор дошт, ки омодаанд, ҳамкориро бо Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи сифатан нав ба роҳ монанд.

Дар ҷараёни мулоқот, инчунин масоили дигари мавриди назар ба таври муфассал баррасӣ гардида, ҷонибҳо омодагии хешро ҷиҳати тақвияти ҳамкории минбаъда иброз доштанд.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку