Парчами Тоҷикистони азиз ҳамеша парафшон бод!

Бойгонии ахбор
24.11.2021

Парчами Тоҷикистони азиз ҳамеша парафшон бод!

24 ноябри соли 2021 дар Бонки миллии Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои ҷашнӣ, бо иштироки Роҳбарият, кормандон ва меҳмонон таҷлил карда шуд.

NBTL7627-1.jpg

Ҷаласаи идона бо садо додани Суруди миллӣ ва зери садои мусиқии мутантан ба толор ворид гардидани Парчами давлатӣ оғоз гардида, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода аҳли нишастро бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода зимни суханронии хеш қайд кард, ки парчам ба сифати рамзи давлату миллат аз рӯзгорони қадим вуҷуд дошт ва аз ҳастии давлату миллат дар тӯли таърихи башарият гувоҳӣ медод. Дар замони муосир Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои асосии ҳар як давлат буда, нишонаи соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии давлату миллат ба ҳисоб мераванд. Парчами давлатии Тоҷикистони, ки рукни давлатдорӣ ва яке аз муқаддасоти миллии мо мебошад, 24-уми ноябри соли 1992, яъне дар иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст.

NBTL7747-2.jpg

“Шоистаи таъкид аст, ки се рукни муҳими давлатдории тоҷикон, яъне таҳкими пояҳои Истиқлол ва давлатдории миллӣ, қабули Парчами давлатӣ ва ба мақоми роҳбарии Тоҷикистон расидани Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як вақт, ҳангоми баргузории иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуқуъ пайвастааст. Ба баёни дигар, ба фаъолияти давлатдорӣ шуруъ кардани Пешвои миллат аз адои савганди садоқат зери ҳамин Парчами давлатӣ оғоз шудааст ва барқарории сулҳу субот ва дигар музаффариятҳои минбаъдаи мардуми мо дар зери ҳамин Парчам амалӣ шудаанд. Аз ин лиҳоз, месазад, ки Парчами давлатӣ ҳамчун муқаддасот ва рамзи миллии давлат мавриди эҳтиром ва қадршиносии ҳар як сокини мамлакат, аз ҷумла кормандони низоми бонкии кишвар ва Бонки миллии Тоҷикистон қарор бигирад”,-таъкид намуд Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода.

NBTL7616-3.jpg

Баъдан, муовини якуми директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадҷон Соҳибзода низ аҳли кормандони Бонки миллии Тоқикистонро бо ин ҷашни фараҳафзо - Рӯзи Парчами давлатӣ муборакбод гуфта, доир ба нақш ва мавқеи парчам дар давлатдории муосир суханронӣ намуд.

“Парчам дар фаъолияти давлатдорӣ, аз ҷумла дар гузаронидани маъракаҳои расмию ғайрирасмии давлатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, ҳамчунин дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳамарӯзаи ҷомеа мавқеъ ва нақши муҳим дорад. Боиси ифтихор аст, ки мо – тоҷикон дар ҳар давру замон соҳиби парчам будем ва ба туфайли фарзандони шарафманди халқи тоҷик парчами мо ҳамеша парфишон буд. Дар замони муосир, бо шарофати Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми гӯшаву канори олам барафрохта шудааст, ки ифтихори ҳар яки мо аст”,- зикр намуд муовини якуми директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадҷон Соҳибзода.

NBTL7673-4.jpg

Дар идомаи чорабинӣ аъзоёни фаъоли Шӯрои ҷавонони Бонки миллии Тоҷикистон дар васфи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ашъори шоирони шинохтаи кишвар шеърҳо қироат карданд.

Ҳамчунин, барои аҳли нишаст филми мустанад оид ба таърихи қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатӣ эълон гардидани 24-уми ноябр намоиш дода шуд.

NBTL7680-5.jpg

Гуфтан ба маврид аст, ки парчами кунунии мамлакат дар заминаи парчамҳои қадими миллӣ, аз ҷумла Дирафши ковиёнӣ омода шуда, матои росткунҷаест, ки аз се рахи рангаи уфуқӣ иборат мебошад.

Рахи болои парчами давлатӣ ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи поёни рангаш сабз баробар аст, рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои ҳар яке аз ин рахҳои сурху сабз мебошад.

NBTL7807-6.jpg

Дар рӯйи рахи сафед дар мобайни парчам бо зарҳал расми тоҷ ва болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир ёфтааст, ки аз даврони қадим соҳибдавлат будани мардуми моро ифода мекунад.

Ранги сурхи парчам рамзи мубориза ва ҷоннисории халқи кишвар дар роҳи озодӣ ва истиқлол маънидод мешавад.

Ранги сафеди парчами давлатӣ рамзи бахту иқболи сафед ва орзую омоли неки халқи Тоҷикистон аст.

NBTL7768-7.jpg

Ранги сабзи парчами давлатии Тоҷикистон рамзи саъю кӯшиш ва заҳмату меҳнати мардуми сарбаланди момебошад, ки аз он кишварамон рӯз ба рӯз сарсабзу хуррам мегардад.

Дар доираи таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ аз ҷониби Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ба муовини Раиси БМТ Моҳбону Накҳатзода, сардори Идораи бозори молиявӣ Умеда Сатторзода, сардори Шуъбаи таҳлили хавфҳо Муниса Навҷуанова, сармутахассиси Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ Зарангез Умарова ва мутахассиси пешбари Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор Вероника Мадалиева, ки дар Барномаи муштараки Бонки Ҷаҳонӣ ва Донишгоҳи Оксфорд барои занон – роҳбарони муассисаҳои танзимгари молиявӣ ва мутахассисони ҷавон, дар мавзӯи “Сарварӣ ва гуногуншаклии фаъолияти занон – роҳбарони муассисаҳои танзимгари молиявӣ” муддати шаш моҳ, тариқи онлайн-сессия таҳсил намуда, онро бо муваффақият хатм карданд, сертификати байналмилалӣ тақдим карда шуд.

NBTL7859-8.jpg

Дар фарҷоми чорабинӣ Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бори дигар аҳли нишастро ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ самимона муборакбод гуфта, таманно намуд, ки парчами давлатии Тоҷикистони азиз ҳамеша парафшон ва мурғи саодати миллати маҳбубамон доимо болафшон бошад.

Шуъбаи матбуот







Возврат к списку