Дар бораи ҶДММ “Делойт ва Туш”

Бойгонии ахбор
25.11.2021

Дар бораи ҶДММ “Делойт ва Туш”

Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо қарори навбатии худ аз 25 ноябри соли 2021, таҳти №182 дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва Низомнома “Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” дархости Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Делойт ва Туш”-ро оид ба бозхонди иҷозатнома ва барҳамдиҳии ихтиёрӣ қонеъ намуд.

Тибқи қарори зикршуда иҷозатномаи ҶДММ “Делойт ва Туш”, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои анҷом додани фаъолияти аудиторӣ дар низоми бонкӣ аз 26 декабри соли 2018, таҳти №174 дода шудааст, бозхонд карда шуд.

Департаменти назорати бонкӣ уҳдадор гардид, ки дар “Феҳристи иҷозатномаҳои фаъолияти аудиторӣ дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ сабти дахлдорро ворид намояд.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку