Дар бораи ҶДММ “Ташкилоти суғуртавии БИМА”

Бойгонии ахбор
28.12.2021

Дар бораи ҶДММ “Ташкилоти суғуртавии БИМА”

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ”Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва Низомнома “Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 2021, таҳти №197 ба Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Ташкилоти суғуртавии БИМА” барои фаъолияти суғуртавӣ аз рӯи намудҳои суғуртаи ихтиёрӣ ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дода шуд.

Идораи назорати суғуртавӣ вазифадор карда шуд, ки дар Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта сабти дахлдорро ворид намояд.

Шуъбаиматбуот


Возврат к списку