24 декабри соли 2021 ҷиҳати ташреҳу тавзеҳи муқаррароти Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, таҳти роҳбарии муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода вохӯрии намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони Бонки миллии Тоҷикистон баргузор гардид.
Муовини раиси БМТ Фирдавс Толибзода ҳадафи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030-ро пешгирӣ намудан аз амалҳои коррупсионӣ ва ҳолатҳои суиистифода аз вазифа, роҳ надодан ба қабули қарорҳои хусусияти коррупсионидошта ва амалҳои ба ин монанд муаррифӣ карда, иброз дошт, ки тибқи банди 3 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №222 аз 3 августи соли 2021 ва банди 1 Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегия барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025), бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2021 Барномаи Бонки миллии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба коррупсия барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳои муқовимат ба коррупсия дар Бонки миллии Тоҷикистон барои соли 2021 тасдиқ карда шуд.
“Барнома ва Нақшаи чорабиниҳои мазкур маҷмуи тадбирҳои зиддикоррупсионии Бонки миллии Тоҷикистонро дарбар гирифта, дар онҳо самтҳои асосии фаъолияти Бонки миллӣ дар робита ба муқовимат ба коррупсия дар давраи дарозмуддат ва вазифаҳои воҳидҳои сохтории дахлдори Бонки миллӣ оид ба иҷрои ҳар як чорабинӣ, муҳлати иҷро ва мақсадҳои гузошташуда ба таври мушаххас муайян шудаанд”,-қайд кард муовини раиси БМТ Фирдавс Толибзода.
Зикр карда шуд, ки дар доираи татбиқи Нақшаи чорабиниҳои муқовимат ба коррупсия дар Бонки миллии Тоҷикистон барои соли 2021 ва ҷиҳати ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни кормандон ташкил ва баргузории як қатор вохӯриҳо бо мутахассисони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаи таъсири номатлуби коррупсия дар раванди рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва роҳҳои мубориза бо он дар назар дошта шудааст.
Ҳамин тавр, ҷиҳати иҷрои самараноки Барнома ва Нақшаи чорабиниҳо ба Бонки миллии Тоҷикистон сарнозири Сарраёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмад Акбарзода даъват карда шуд, ки ӯ оид ба муҳиммияту зарурати қабул гардидан ва мавриди амал қарор дода шудани Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 маълумоти муфассал манзур намуд.
Ҳамчунин, зимни вохӯрӣ дар хусуси иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муборизаи қатъӣ бо коррупсия, ташаккули тафаккури зиддикоррупсионӣ дар ҷомеа ва ба ин васила решакан кардани ин зуҳуроти номатлуб муҳокимаронӣ сурат гирифт.
Ёдовар мешавем, ки вохӯрии кормандони БМТ бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври доимӣ баргузор гардида, мақсад аз он таҳкими корҳои тарғиботӣ дар самти баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионӣ дар миёни кормандони низоми бонкӣ мебошад.
Шуъбаи матбуот