27 декабри соли 2021 дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ вобаста ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” бо роҳбарии муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Моҳбону Накҳатзода ва иштироки намояндагони вазорату идораҳо ва корхонаю муассисаҳои давлатие, ки хизматрасониҳои пулакиро ба аҳолӣ пешниҳод менамоянд, доир гардид.
Дар оғоз, Моҳбону Накҳатзода бо ёдоварӣ аз Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ иброз дошт, ки Сарвари давлат зимни таҳлили фаъолияти низоми бонкии кишвар, бори дигар зарурати гузариши пурра ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдиро таъкид намуданд, ки ин масъулияти ниҳодҳои давлатиро дар самти иҷрои босамар ва саривақтии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” аз 30 ноябри соли 2018, таҳти №565 дучанд менамояд.
“Мақсади асосии баргузории ҷаласаи имрӯза низ сармашқи кори худ қарор додани дастуру супоришҳои Пешвои миллат ва ҷамъбасти натиҷаҳои ноилшуда ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” дар давоми соли 2021, тақвияти фаъолияти ниҳодҳои масъули давлатӣ ҷиҳати татбиқи самараноки қарори мазкур ва муҳокимаи пешниҳоди мукаммал ва шаффофи ҳисоботҳо дар ин самт, инчунин нақшаву тадбирҳои минбаъда мебошад”,-иброз намуд Моҳбону Накҳатзода.
Таъкид гардид, ки баҳри иҷрои самараноки қарори мазкур аз оғози соли 2019 бо иштироки масъулони Бонки миллии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳои дахлдор ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар БМТ якчанд ҷаласаҳои Гурӯҳи кории байниидоравӣ баргузор гардиданд, ки дар рафти онҳо аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ масъалаҳои иҷрои қарори зикргардида, корҳои иҷрошуда ва нақшаҳо барои оянда муҳокима карда шуданд.
“Дар натиҷаи чораҳои андешидаи мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ пардохти як қатор хизматрасониҳои пулакии давлатӣ, аз ҷумла ҳаққи истифодаи қувваи барқ, об, хизматрасониҳои коммуналӣ, нақлиёти ҷамъиятӣ, бозрасии давлатии автомобилӣ, тандурустӣ, алоқаи телефони шаҳрӣ, хизматрасониҳои бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва идораҳои нотариалӣ, маблағҳои андоз ва дигар хизматрасониҳои давлатӣ тавассути воситаҳои электронии пардохтӣ ба таври ғайринақдӣ имконпазир гардиданд”,-қайд кард Моҳбону Накҳатзода.
Баъдан, аз ҷониби мутахассисони Идораи низоми пардохти БМТ оид ба раванди татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” ва нишондиҳандаҳои асосии рушди низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла миқдори умумии воситаҳои электронии пардохтӣ ва тамоюли афзоиши онҳо, амалиётҳо бо истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ ва ҳиссаи пардохтҳои ғайринақдӣ, динамикаи рушди инфрасохтори пардохтӣ, рушди инфрасохтори пардохтӣ дар манотиқи кишвар, теъдоди воситаҳои электронии пардохтӣ дар вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳои давлатӣ ва шумораву ҳаҷми амалиётҳои пардохти ғайринақдии хизматрасониҳои пулакии давлатӣ дар давоми нуҳ моҳи соли 2021 рӯнамои муфассал манзур карда шуд.
Дар идомаи ҷаласа, ҳисоботи муфассали вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳои давлатӣ оид ба иҷрои қарор дар давоми соли 2021 шунида шуд ва иштирокчиён вобаста ба нақшаҳои минбаъда пешниҳоду мулоҳизаҳои худро баён доштанд.
Ҳамин тавр, пурзӯр намудани заминаи техникӣ ва ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба, тақвияти корҳои ташвиқотию фаҳмондадиҳӣ тавассути ВАО оид ба имкониятҳои қабули ғайринақдии пардохтҳои давлатӣ бо истифода аз воситаҳои электронии пардохтӣ, тарғиби истифодаи QR-рамзҳо, созмон додани экосистемаи боэътимоди пардохтҳои рақамӣ ва дар сатҳи вазорату идораҳои дахлдор дастгирӣ ёфтани иқдоми мазкур аз ҷумлаи чораҳое номбар гардиданд, ки ҷиҳати иҷрои босамари қарори мазкур минбаъд бояд амалӣ карда шаванд.
Зимни ҷамъбасти ҷаласа, муовини Раиси БМТ Моҳбону Накҳатзода бори дигар таъкид намуд, ки ба фаъолият шурӯъ намудани Низоми автоматишудаи байнибонкии интиқоли маблағҳо (НАБИМ) дар Бонки миллии Тоҷикистон, таҳия ва такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ва татбиқи технологияҳои муосири молиявии рақамӣ дар низоми бонкӣ ва дар ин замина, омода будани ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои пешниҳод намудани хизматрасониҳои бонкӣ ба вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳои давлатӣ имкониятҳои назаррас барои рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар муомилоти пулии кишвар ба ҳисоб мераванд ва бояд аз ин имконият самаранок истифода бурда шавад.
Шуъбаи матбуот