Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2021, таҳти №205 дар асоси дархости Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Пардохти фаврӣ” мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” Иҷозатномаи ҶДММ “Пардохти фаврӣ” барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 18 июли соли 2019, (№86) дода шудааст, бозхонд ва амали он қатъ карда шуд.
Идораи низоми пардохт уҳдадор гардид, ки дар Феҳристи операторони низомҳои пардохтӣ сабти дахлдорро ворид намояд.
Шуъбаи матбуот