Дар бораи ташкилотҳои қарзии низомсоз

Бойгонии ахбор
27.01.2022

Дар бораи ташкилотҳои қарзии низомсоз

Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2022 таҳти №8, мутобиқи “Қоидаҳои муайян намудани ташкилотҳои қарзии низомсоз” рӯйхати ташкилотҳои қарзии низомсоз ва ташкилотҳои қарзии эҳтимолӣ барои соли 2022 тасдиқ карда шуд.

Аз рӯи натиҷаи фаъолияти солона (аз 01 январ то 31 декабри соли 2021), ба рӯйхати мазкур 3 ташкилоти қарзӣ ҳамчун ташкилотҳои қарзии низомсоз ва 1 ташкилоти қарзӣ ҳамчун ташкилоти қарзии эҳтимолии низомсоз шомил гардиданд.

Маврид ба зикр аст, ки рӯйхати мазкур соле як маротиба таҳия гардида, дар сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон ва маҷаллаи “Бонкдорӣ Тараққиёт Ҷаҳонишавӣ” нашр карда мешавад.


Шуъбаи матбуот


Возврат к списку