08.02.2022
Эълони Озмун
БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаи холии зерин
ОЗМУН
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар ш.Кӯлоб
ҳуқуқшинос (шартномавӣ) дар шуъбаи назорати бонкӣ
Талабот ба номзад:
- Маълумоти олии ҳуқуқӣ;
- Таҷрибаи корӣ дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ афзалият дорад;
- Дониши хуби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус бонкӣ, гражданӣ, мурофиавӣ, меҳнатӣ, ҷиноятӣ ва дигар;
- Маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пеш бурдани муросилот бо забони давлатӣ ва русӣ;
- Таҷрибаи кории таҳияи шартномаҳо, иштирок дар мурофиаҳои судӣ, гуфтушунидҳо, инчунин ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо;
- Малакаи кор дар компютер, донистани барномаҳои MS Office (Word, Excel, Power Point);
- Донистан ва озод ҳарф задан бо забони давлатӣ ва русӣ;
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
- маълумотнома (справка-объективка);
- варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
- тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
- расм 2 дона андозаи 3х4;
- нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
- нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
- маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
- нусхаи билети ҳарбӣ;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).
Ҳуҷҷатҳоро дар нишонии зерин қабул менамоянд:
- ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 38/1, Идораи кормандон
- Барои маълумот - тел: + 992 (44) 600-32-32; +992 (44) 600-31-38
- ш.Кӯлоб, кӯчаи Ҳ.Неъматов 4, шуъбаи кормандон ва корҳо
- Барои маълумот- тел: +992 (44) 625- 05- 67
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то санаи 20.02. 2022