Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи корӣ оид ба Баҳодиҳии хавфи миллии қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (БХМ ҚД/МТ)

Бойгонии ахбор
09.02.2022

Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи корӣ оид ба Баҳодиҳии хавфи миллии қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (БХМ ҚД/МТ)

Санаи 8 феврали соли 2022 дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Гурӯҳи корӣ оид ба Баҳодиҳии хавфи миллии қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (БХМ ҚД/МТ) таҳти роҳбарии Мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷзода Сайфиддин (Роҳбари Гурӯҳи корӣ) бо иштироки намояндагони мақомоти дахлдори кишвар баргузор гардид.

NBTL3733.JPG

Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ Сироҷзода Сайфиддин оғоз намуда, изҳор дошт, ки БХМ ҚД/МТ яке аз талаботҳои муҳими Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявӣ (ФАТФ) ба ҳисоб рафта, дар он хавфҳои миллии кишварҳо баҳогузорӣ карда мешаванд. Аз ин рӯ, намояндагони мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ҳангоми баҳогузорӣ хавфҳои ҷойдошта ва эҳтимолии кишвар ба инобат гирифта шаванд.

Сипас аз ҷониби директори Департаменти мониторинги молиявӣ ба аъзои Гурӯҳи корӣ маълумот оид ба гузаронидани БХМ ҚД/МТ-и навбатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин рӯнамо вобаста ба рӯйхати саволномаҳо, ки аз ҷониби коршиноси байналмилалӣ пешниҳод шудаанд, манзур карда шуд.

NBTL3712.JPG

Ҳамзамон, роҳбарияти Департамент иброз дошт, ки дар оянда вохӯрии коршиноси аз ҷониби Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе ҷалбшуда бо намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ вобаста ба масъалаҳои марбут ба баргузории БХМ ҚД/МТ-и навбатӣ дар назар дошта шудааст.

Роҳбари Гурӯҳи корӣ қайд кард, ки нақши ҳар як вазорату идора дар ҷараёни баргузории ин баҳодиҳӣ бо пешниҳоди маълумот бояд тибқи саволномаҳо сурат гирифта, вобаста ба иҷрои саривақтии корҳо дар ин самт даъват ба амал овард.

NBTL3738.JPG

Лозим ба ёдоварист, ки БХМ ҚД/МТ бори нахуст дар кишварамон аз моҳи апрели соли 2015 то моҳи сентябри соли 2017 тибқи талаботи ФАТФ ва дар доираи кӯмаки техникии Бонки Осиёии Рушд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо супориши Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом гузаронида шудааст.

Департаменти мониторинги молиявӣ


Возврат к списку