Эълони Озмун

Бойгонии ахбор
21.02.2022

Эълони Озмун

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

барои ишғоли вазифаҳои холии зерин

ОЗМУН

ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

I

сардори шуъбаи санадҳои меъёрии идораи ҳуқуқи

 Бонки миллии Тоҷикистон - (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • Маълумоти олии ҳуқуқӣ;
  • Cобиқаи кори ҳуқуқӣ на кам аз 10-сол. Cобиқаи кори ҳуқуқӣ дар низоми бонкӣ ва ё молия, инчунин дар сохторҳои ба фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ алоқаманд ё ширкатҳои бонуфузи машваратии ҳуқуқӣ бартарӣ дорад;
  • Дониши хуби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус бонкӣ, гражданӣ, маъмурӣ, ҷиноятӣ, мурофиавӣ, меҳнатӣ, техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ ва дигар;
  • Қобилияти баланди таҳлилӣ ва хулосабарорӣ;
  • Маҳорати баланди ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пеш бурдани муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ бо забони давлатӣ, русӣ;
  • Таҷрибаи корӣ ва тахассуси зарурии таҳияи хулосаҳои ҳуқуқӣ аз рӯи масъалаҳои мухталифи қонунгузории амалкунанда, таҳияи шартномаҳо, иштирок дар мурофиаҳои судӣ, иштирок дар гуфтушунидҳо, инчунин ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо. Таҷрибаи зарурии кории таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва корбарӣ бо онҳо, инчунин таҳияи хулосаҳои ҳуқуқӣ ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои онҳо;
  • Маҳорат ва таҷрибаи ташкили кор (роҳбарии воҳиди сохтори ҳуқуқӣ, дигар сохтор ё зерсохтори онҳо на кам аз 3 сол);
  • Малакаи кор дар компютер, донистани барномаҳои Ms Office (Word, Excel, Power point);
  • Донистан ва озод ҳарф задан бо забони давлатӣ, русӣ (донистани забони англисӣ ва ё дигар забони хориҷӣ бартарӣ дорад).

       II

мутахассиси дараҷаи 1 шуъбаи санадҳои меъёрии идораи ҳуқуқи

 Бонки миллии Тоҷикистон - (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • Маълумоти олии ҳуқуқӣ;
  • Cобиқаи кори ҳуқуқӣ на кам аз 3-сол. Cобиқаи кори ҳуқуқӣ дар низоми бонкӣ ва ё молия, инчунин дар сохторҳои ба фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ алоқаманд ё ширкатҳои бонуфузи машваратии ҳуқуқӣ бартарӣ дорад;
  • Дониши хуби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус бонкӣ, гражданӣ, маъмурӣ, ҷиноятӣ, мурофиавӣ, меҳнатӣ, техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ ва дигар;
  • Қобилияти хуби таҳлилӣ ва хулосабарорӣ;
  • Маҳорати хуби ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пеш бурдани муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ бо забони давлатӣ, русӣ;
  • Малакаи кор дар компютер, донистани барномаҳои Ms Office (Word, Excel, Power point);
  • Донистан ва озод ҳарф задан бо забони давлатӣ, русӣ (донистани забони англисӣ ва ё дигар забони хориҷӣ бартарӣ дорад).

III

мутахассиси пешбари шуъбаи умури ҳуқуқии идораи ҳуқуқи

 Бонки миллии Тоҷикистон -  (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • Маълумоти олии ҳуқуқӣ;
  • Cобиқаи кори ҳуқуқӣ на кам аз 5-сол. Cобиқаи кори ҳуқуқӣ дар низоми бонкӣ ва ё молия, инчунин дар ширкатҳои бонуфузи машваратии ҳуқуқӣ бартарӣ дорад;
  • Дониши хуби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус бонкӣ, гражданӣ, маъмурӣ, ҷиноятӣ, мурофиавӣ, меҳнатӣ ва дигар;
  • Қобилияти хуби таҳлилӣ ва хулосабарорӣ;
  • Маҳорати хуби ибрози андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ, пеш бурдани муросилот ва дигар ҳуҷҷатгузорӣ бо забони давлатӣ, русӣ;
  • Таҷрибаи корӣ ва тахассуси зарурии таҳияи хулосаҳои ҳуқуқӣ аз рӯи масъалаҳои мухталифи қонунгузории амалкунанда, таҳияи шартномаҳо,  иштирок дар мурофиаҳои судӣ, таҳияи парвандаҳои маъмурӣ.
  • Малакаи кор дар компютер, донистани барномаҳои Ms Office (Word, Excel, Power point);
  • Донистан ва озод ҳарф задан бо забони давлатӣ, русӣ (донистани забони англисӣ ва ё дигар забони хориҷӣ бартарӣ дорад).

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

  • ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
  • маълумотнома (справка-объективка);
  • варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
  • тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
  • расм 2 дона андозаи 3х4;
  • нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
  • нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
  • маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
  • нусхаи билети ҳарбӣ;
  • нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).

    Ҳуҷҷатҳоро дар нишонии зерин қабул менамоянд:

  • ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 38/1, Идораи кормандон
  • Барои маълумот - тел: + 992 (44) 600-32-32; +992 (44) 600-31-38
  • Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то санаи 06.03. 2022

Возврат к списку