Дар бораи Ҷамъияти саҳомии бонки тиҷоратии “ЮНИСТРИМ” барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ

Бойгонии ахбор
25.02.2022

Дар бораи Ҷамъияти саҳомии бонки тиҷоратии “ЮНИСТРИМ” барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ

Мутобиқи қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 22 феврали соли 2022, таҳти №19 ва дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ба Ҷамъияти саҳомии бонки тиҷоратии “ЮНИСТРИМ” барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “ЮНИСТРИМ” ба муҳлати 5 (панҷ) сол иҷозатнома дода шуд.

Дар асоси қарори мазкур иҷозатномаи Ҷамъияти саҳомии бонки тиҷоратии “ЮНИСТРИМ” барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2018, таҳти №125 дода шудааст, аз санаи қабули ҳамин қарор қатъ карда мешавад.

Идораи низоми пардохт вазифадор аст, ки дар Феҳристи операторони низоми пардохтӣ сабти дахлдорро ворид намояд.

Шуъбаи матбуот

Возврат к списку