Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2022, таҳти №31 дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ташкилоти амонатии қарзии хурди “Фурӯз” барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозатнома дода шуд.
Иҷозатномаи ҶДММ ТҚХ “Фурӯз” барои иҷрои амалиёти бонкӣ, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 02 майи соли 2013, таҳти №97 дода шудааст, бинобар табдилёбӣ ба ташкилоти амонатии қарзии хурд аз эътибор соқит дониста шуд.
Департаменти назорати бонкӣ ва Идораи низоми пардохт уҳдадор гардиданд, ки дар Феҳристи ташкилотҳои маблағгузории хурд ва Маълумотномаи “Рамзҳои мушаххаси бонкии ташкилотҳои қарзии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон” сабти дахлдорро ворид намоянд.
Шуъбаи матбуот