Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2022, таҳти №39 дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият, бинобар ба итмом расидани муҳлати амали иҷозатномаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ташкилоти амонатии қарзии хурди “Тамвил” ба ҶДММ ТАҚХ “Тамвил” барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Атласпэй”, бо роҳи тамдид ба муҳлати 5 (панҷ) сол иҷозатнома дода шуд.
Мутобиқи қарори мазкур иҷозатномаи ҶДММ ТАҚХ “Тамвил” барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ аз 3 апрели соли 2019 аз эътибор соқит дониста мешавад.
Идораи низоми пардохт вазифадор аст, дар Феҳристи операторони низоми пардохтӣ сабти дахлдорро ворид намояд.
Шуъбаи матбуот