Дар бораи ҶДММ “Ташкилоти суғуртавии Сипаҳр”

Бойгонии ахбор
11.04.2022

Дар бораи ҶДММ “Ташкилоти суғуртавии Сипаҳр”

Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 7 апрели соли 2022, №44 дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият, бинобар тағйир ёфтани маҳалли ҷойгиршавӣ ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ташкилоти суғуртавии Сипаҳр” барои амалӣ намудани фаъолияти суғуртавӣ тавассути аз нав ба расмият даровардан ба муҳлати то 22 сентябри соли 2025 иҷозатнома дода шуд.

Иҷозатномаҳои ҶДММ “Ташкилоти суғуртавии Сипаҳр”, ки бо қарорҳои Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2020, таҳти №36 ва аз 22 сентябри соли 2020, таҳти №126 ҷиҳати амалисозии фаъолияти суғуртавӣ дода шуда буданд, аз эътибор соқит дониста шуда, Идораи назорати суғуртавӣ барои ворид намудани сабти дахлдор дар Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта вазифадор карда шуд.


Шуъбаи матбуот

Возврат к списку