БМТ: Семинари илмӣ-оммавӣ дар робита ба омӯзиши китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров

Бойгонии ахбор
19.05.2022

БМТ: Семинари илмӣ-оммавӣ дар робита ба омӯзиши китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров

18 майи соли 2022 дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс Назримад, номзади илмҳои таърих, дотсент, мудири шуъбаи таърихи муосири Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Абдулло Ғафуров ва аҳли кормандони Бонки миллии Тоҷикистон дар робита ба омӯзиши шоҳасари “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров семинари илмӣ-оммавӣ доир гардид.

NBTL7838-1.JPG

Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, қайд кард, ки семинари имрӯза дар такя ба иқдомҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати арҷ гузоштан ба таърихи халқу миллат ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, ҳамзамон иҷрои дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ оид ба омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик - шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби “Тоҷикон” роҳандозӣ карда шуд.

NBTL7907-2.JPG

Фарзанди фарзонаи миллат, ходими номдори давлатию сиёсӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров тамоми ҳаёт ва фаъолияти худро ба бузургдошти таърихи миллати тоҷик ва манзури ҷаҳониён гардонидани он сарф намудааст. Яке аз дастовардҳои пурарзиши Бобоҷон Ғафуров, ки ӯро дар радифи алломаҳои бузурги миллат ҷой дод, шоҳасари безаволи ӯ “Тоҷикон” мебошад, ки он соли 1972 дар шаҳри Москва ба табъ расида, ба забонҳои гуногуни дунё тарҷумаву нашр гардид ва аз тарафи мутахассисони маъруф эътироф шуд. Маҳз аз ҳамин хотир ба Бобоҷон Ғафуров унвони олии Ватан — “Қаҳрамони Тоҷикистон” дода шуд.

NBTL7846-3.JPG

“Бешубҳа, китоби “Тоҷикон” барои болоравии худшиносӣ ва худогоҳии миллии халқи мо такони ҷиддие гардид. Арзиши илмии ин асари бунёдӣ бениҳоят бузург аст ва Бобоҷон Ғафуров бо заҳмати чандинсолаи худ мардуми ҷаҳонро бо саҳифаҳои таърихи рангини халқи тоҷик ошно кард”- таъкид намуд Толибзода Фирдавс.

Номзади илмҳои таърих, дотсент, Абдулло Ғафуров зимни суханрониаш қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини зимоми давлатдорӣ ба худшиносии миллӣ ва эҳёи фарҳангу арзишҳои миллӣ арҷ гузошта, дар баробари эҳёи урфу одат ва анъанаҳои ниёгон, инчунин ба шахсиятҳои таърихӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Аз ҷумла, дар китоби “Чеҳраҳои мондагор”-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки мақолаи аввалини он ба Бобоҷон Ғафуров бахшида шудааст, омадааст: “Дар таърихи ташаккули ҳар як халқу миллат бузургоне ҳастанд, ки номи онҳо дар ҳеҷ давру замон аз хотираи мардум фаромӯш намешавад”. Пешвои муаззами миллат дар ин навиштаи хеш Бобоҷон Ғафуровро бо ифтихор “фарзанди фарзонаи миллат”, “ходими номдори давлатию сиёсӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон” меноманд, ки исботи ин гуфтаҳост.

NBTL7869-4.JPG

Зикр карда шуд, ки Бобоҷон Ғафуров барои навиштани шоҳасари худ “Тоҷикон” беш аз 2000 сарчашмаҳои дохилӣ ва хориҷӣ, монография, брошюра ва мақолаҳои илмиро самаранок истифода кардааст, ки чун шиносномаи халқи тоҷик барои асрҳои оянда хизмат менамояд. Ҳамин тавр, дар натиҷаи заҳматҳои бисёрсолаи худ дар соҳаи илм академик Бобоҷон Ғафуров исбот намуд, ки халқи тоҷик қадимтарин халқи Осиёи Миёна ва ориёӣ мебошад.

Сардори Шуъбаи тарҷумаи Дастгоҳи Роҳбарияти БМТ, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Ҳасан Баротзода ва Раиси Шӯрои ҷавонони Бонки миллии Тоҷикистон Абдулқайси Саидҷаббор дар идомаи семинари илмӣ-оммавӣ оид ба нақши китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров, ки муаррифгари таъриху тамаддуни куҳанбунёди миллати тоҷик буда, дар худшиносии миллӣ мусоидат мекунад, иброи назар карданд.

NBTL7867-5.JPG

Дар фароварди семинари илмӣ-оммавӣ оид ба омӯзиши китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров, ки чун шиносномаи халқи тоҷик дониста мешавад, миёни аҳли нишаст табодули афкор сурат гирифт.

Ҷамъомадро Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс анҷом бахшида, бори дигар ёдовар шуд, ки дар асоси дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 китоби “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров чоп шуда, ба ҳар як оилаи кишвар пурра дастрас гардид, ки он дар роҳи дарки худогоҳиву худшиносии наврасону ҷавонон нақши босазо мегузорад.

Шуъбаи матбуот





Возврат к списку