Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 2-3 июни соли 2022 бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон қарор доштанд.
Дар доираи сафари мазкур сарони давлатҳои Тоҷикистону Узбекистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба масъалаи рушди ҳамкорӣ ва истифодаи имкониятҳои мавҷуда дар соҳаҳои энергетика ва саноат, аз ҷумла дар бахшҳои саноати нассоҷӣ, хӯрокворӣ, пойафзолдузӣ, металлургӣ, коркарди маъдан, металлургияи ранга, дорусозӣ, нақлиёту коммуникатсия, сармоягузорӣ ва бонкдорӣ, инчунин дигар соҳаҳои барои ҳар ду кишвар манфиатовар таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳо 7 санади ҳамкорӣ ба имзо расид. Аз ҷумла “Ёддошти тафоҳум байни Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ва Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Узбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом” яке аз ин санади муҳим маҳсуб меёбад.
Дар маҷмӯъ, дар ҳошияи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Узбекистон 15 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
Маврид ба зикр аст, ки дар сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири корҳои хориҷӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони энергетика ва захираҳои об, кишоварзӣ, нақлиёт, фарҳанг, саноат ва технологияҳои нав, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Сардори КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, Раиси Иттифоқи “Тоҷикматлубот”, Раиси вилояти Суғд ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.
Сарчашма: маводҳо аз сомонаи расмии www.president.tj