Дар бораи ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр”

Бойгонии ахбор
09.06.2022

Дар бораи ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр”

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор” ва Дастурамали №192 “Дар бораи тартиб ва қоидаҳои анҷом додани амалиёти асъорӣ - фурӯши мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ бо асъори хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 8 июни соли 2022, таҳти №63 ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр” барои анҷомдиҳии хизматрасонии (фаъолияти) махсус бо асъори хориҷӣ ба муҳлати 3 сол иҷозатнома дода шуд.

Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор вазифадор карда шуд, ки дар Феҳристи дорандагони иҷозатнома барои анҷомдиҳии хизматрасонии (фаъолияти) махсус бо асъори хориҷӣ сабти дахлдорро ворид намояд.

Шуъбаи матбуот

Возврат к списку