Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 9 июни соли 2022, таҳти №68, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” ба Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Душанбе Сити Бонк” Иҷозатнома барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ дода шуд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло зимни супоридани Иҷозатнома ба И.в. Раиси Раёсати ҶСП “Душанбе Сити Бонк” Ақдодов Хуршед Назарабдолович барои боз ҳам беҳтар кардани фаъолият ва саҳм доштан дар рушди низоми бонкии кишвар, бахусус дар самти иҷрои дастуру супоришҳо аз Паёми Пешвои миллат ҷиҳати зиёд кардани қарздиҳӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ муваффақият хост.
Тибқи қарори мазкур Иҷозатномаи ҶДММ ТАҚХ “Душанбе Сити” барои анҷом додани амалиёти бонкӣ аз 16 июли соли 2018, №0000092, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 13 июли соли 2018, №96 дода шудааст, бинобар табдилёбӣ ба бонк аз эътибор соқит дониста шуд.
Департаменти назорати бонкӣ ва Идораи низоми пардохт уҳдадор гардиданд, ки дар Феҳристи ташкилотҳои қарзӣ ва Маълумотномаи “Рамзҳои мушаххаси бонкии ташкилотҳои қарзии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон” сабти дахлдорро ворид намоянд.
Шуъбаи матбуот