Иқтибос аз Қоидаҳои
муқаррар намудани талаботи тахассусӣ ба барҳамдиҳанда,
мудири махсуси ташкилоти қарзӣ ва тартиби гирифтани
шаҳодатномаи Бонки миллии Тоҷикистон
1. Талаботи тахассусӣ ба барҳамдиҳанда ва мудири махсус
Барҳамдиҳанда ва мудири махсус бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯ бошанд:
2. Тартиби гирифтани шаҳодатномаи барҳамдиҳанда ва мудири махсус
Барои гирифтани шаҳодатномаи барҳамдиҳанда ва ё мудири махсус, довталабон ба Бонки миллии Тоҷикистон бо ариза муроҷиат намуда, ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- нусхаи диплом дар бораи таҳсилоти олии иқтисодӣ ё ҳуқуқӣ;
- маълумот оид ба надоштани доғи судӣ вобаста ба ҷиноятҳои қасдона ё хусусиятҳои коррупсионидошта.
Дар ариза довталаб бояд мушаххас қайд намояд, ки довталаби кадом намуди шаҳодатнома (барҳамдиҳанда ва ё мудири махсус) аст.
Аризаи довталаб дар мӯҳлати як моҳ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон баррасӣ карда мешавад.
Баъди гузаштани санҷиши тахассусӣ тибқи қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба довталабон шаҳодатномаҳои тахассусии барҳамдиҳанда ва мудири махсус дода мешавад.
Департаменти назорати бонкӣ
тел. барои тамос: (44) 600-32-38