Дар бораи ҶДММ “Суғуртаи асри 21”

Бойгонии ахбор
23.06.2022

Дар бораи ҶДММ “Суғуртаи асри 21”

Мутобиқи қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 21 июни соли 2022, №73 дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият ба ҶДММ “Суғуртаи асри 21” бинобар сабаби тағйир ёфтани маҳалли ҷойгиршавӣ, барои амалӣ намудани фаъолияти суғуртавӣ тавассути аз нав ба расмият даровардан ба муҳлати то 07 майи соли 2026 иҷозатнома дода шуд.

Иҷозатномаҳои ҶДММ “Суғуртаи асри 21”, ки бо қарорҳои Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 23 апрели соли 2020, №63 ва аз 07 майи соли 2021, №86 ҷиҳати амалисозии фаъолияти суғуртавӣ дода шудаанд, аз эътибор соқит дониста мешаванд.

Идораи назорати суғуртавӣ уҳдадор гардид, дар Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта сабти дахлдорро ворид намояд.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку