24.06.2022
Эълони Озмун
БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаҳои холии зерин
ОЗМУН
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
Департаменти аудити дохилӣ
I
Сардори шуъбаи аудити молиявӣ - (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- таҳсилот: олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
- донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи бонкӣ;
- доштани маҳорати баланди идоракунӣ, салоҳиятнокӣ, масъулият ва одоби касбӣ;
- маҳорати баланди ибрози андеша ба тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
- донистани стандартҳои аудити дохилӣ ва стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ;
- доштани сертификати СIA (Аудитори дохилии сертификатдор), САР (Муҳосиби амалии сертификатдор) ё СРА (Муҳосиби ҷамъиятии сертификатдор) - афзалият дорад;
- доштани таҷрибаи кофии ҳамкорӣ бо аудиторони берунӣ;
- доштани донишу малакаи кофӣ дар соҳаи аудити бонкӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ, ҳисоботи молиявӣ ва андозу андозбандӣ;
- малакаи кор дар компютер, донистани MS Office - (Word, Excel, PowerPoint)-ҳатмӣ;
- донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ) ва русӣ – ҳатмӣ, забони англисӣ – афзалият дорад;
- доштани таҷрибаи кории на камтар аз 5 сол дар соҳаи бонкӣ ё дар ширкатҳои аудиторӣ ва дигар соҳаҳои ба фаъолияти аудиторӣ алоқаманд.
II
Аудитори дараҷаи I
шуъбаи ташкил ва ҷамъбасти фаъолияти аудиторӣ - (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- таҳсилот: олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
- донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи бонкӣ;
- маҳорати баланди ибрози андеша ба тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
- донистани стандартҳои аудити дохилӣ ва стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ;
- доштани малакаи зарурӣ дар таҳияи санадҳои меъёрӣ ва методологияҳои аудити дохилӣ;
- доштани донишу малакаи кофӣ дар соҳаи аудити бонкӣ ва баҳисобгирии муҳосибӣ;
- доштани сертификати СIA (Аудитори дохилии сертификатдор), САР (Муҳосиби амалии сертификатдор) ё СРА (Муҳосиби ҷамъиятии сертификатдор) - афзалият дорад;
- малакаи кор дар компютер, донистани MS Office - (Word, Excel, PowerPoint) - ҳатмӣ;
- донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ) ва русӣ – ҳатмӣ, забони англисӣ – афзалият дорад;
- доштани таҷрибаи кории на камтар аз 3 сол дар соҳаи бонкӣ ё дар ширкатҳои аудиторӣ ва дигар соҳаҳои ба фаъолияти аудиторӣ алоқаманд.
III
Аудитори дараҷаи II
шуъбаи ташкил ва ҷамъбасти фаъолияти аудиторӣ - (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- таҳсилот: олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
- донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи бонкӣ;
- маҳорати баланди ибрози андеша ба тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
- донистани стандартҳои аудити дохилӣ ва стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ;
- доштани сертификати СIA (Аудитори дохилии сертификатдор), САР (Муҳосиби амалии сертификатдор) ё СРА (Муҳосиби ҷамъиятии сертификатдор) - афзалият дорад;
- малакаи кор дар компютер, донистани MS Office - (Word, Excel, PowerPoint) - ҳатмӣ;
- донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ) ва русӣ – ҳатмӣ, забони англисӣ – афзалият дорад;
- доштани таҷрибаи кории на камтар аз 2 сол дар соҳаи бонкӣ ё дар ширкатҳои аудиторӣ ва дигар соҳаҳои ба фаъолияти аудиторӣ алоқаманд.
IV
Аудитори дараҷаи II шуъбаи аудити молиявӣ - (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- таҳсилот: олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
- донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи бонкӣ;
- маҳорати ибрози андеша ба тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
- донистани стандартҳои аудити дохилӣ ва стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ;
- доштани сертификати СIA (Аудитори дохилии сертификатдор), САР (Муҳосиби амалии сертификатдор) ё СРА (Муҳосиби ҷамъиятии сертификатдор) - афзалият дорад;
- доштани донишу малакаи кофӣ дар соҳаи аудити бонкӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ, ҳисоботи молиявӣ ва андозу андозбандӣ;
- малакаи кор дар компютер, донистани MS Office - (Word, Excel, PowerPoint)-ҳатмӣ;
- донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ) ва русӣ – ҳатмӣ, забони англисӣ – афзалият дорад;
- доштани таҷрибаи кории на камтар аз 2 сол дар соҳаи бонкӣ ё дар ширкатҳои аудиторӣ ва дигар соҳаҳои ба фаъолияти аудиторӣ алоқаманд.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
- маълумотнома (справка-объективка);
- варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
- тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
- расм 3 дона андозаи 3х4;
- нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
- нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
- маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
- нусхаи билети ҳарбӣ;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).
Ҳуҷҷатҳоро дар нишонии зерин қабул менамоянд:
- ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 38/1, Идораи кормандон
- Барои маълумот - тел: + 992 (44) 600-32-32; +992 (44) 600-31-38
- Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то санаи 06.07. 2022