Мулоқоти Ҳоким Холиқзода бо ҷаноби Эмре Зеки Карагёл

Бойгонии ахбор
29.06.2022

Мулоқоти Ҳоким Холиқзода бо ҷаноби Эмре Зеки Карагёл

29-уми июни соли 2022 Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Эмре Зеки Карагёл мулоқоти корӣ анҷом дод.

NBTL9046.JPG

Нахуст Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким ҷаноби Сафирро бо вазъи макроиқтисодӣ ва низоми бонкии кишвар шинос намуда, масъалаҳои протоколи Ҷаласаи ёздаҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ, ки таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи бонкдории ду кишвар бо мақсади рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодиро дар бар мегирифт, мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.

NBTL9034.JPG

Зимни мулоқот мавзуъҳои густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Туркия дар низоми бонкии ду кишвар, бахусус бонкҳои марказӣ (миллӣ), табодули таҷрибаи мутахассисони бонкҳои ду кишвар, тақвияти ҳамкориҳо байни бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистону Туркия ба василаи кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ, инчунин ҳамкорӣ дар бахши бонкдории исломӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо инчунин роҷеъ ба имкони кушодани намояндагии бонкҳои тиҷоратии Туркия дар Тоҷикистон табодули афкор намуданд.

NBTL9036.JPG

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Эмре Зеки Карагёл аз таваҷҷуҳи Бонки миллии Тоҷикистон ва хоҳиши тавсеа бахшидани ҳамкориҳо дар низоми бонкии ду кишвар истиқбол карда, ҳамзамон бахшҳои тиҷорату сайёҳиро дар муносиботи иқтисодии кишварҳо муҳим арзёбӣ намуд.

Дар охир, ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои тақвияти ҳамкории самараноки минбаъда ва идомаи мулоқоту муколамаҳо дар доираи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар ростои рушди низоми бонкии кишвар изҳор намуданд.

Шуъбаи матбуот





Возврат к списку