Дар бораи ба муомилот баровардани тангаҳои намунаи соли 2022

Бойгонии ахбор
01.07.2022

Дар бораи ба муомилот баровардани тангаҳои намунаи соли 2022

Бо мақсади таъмин намудани иқтисодиёт бо нишонаҳои пулӣ, дар асоси қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2022, №83 тангаҳои “сомонӣ” бо арзиши номиналии 1, 3, 5 сомонӣ ва “дирам” бо арзиши номиналии 50 дирам, барориши соли 2022 аз санаи 01 июли соли 2022 ба муомилот бароварда мешавад.

Тангаҳои “сомонӣ” бо арзиши номиналии 1, 3, 5 сомонӣ ва “дирам” бо арзиши номиналии 50 дирам, барориши соли 2022 дар қатори тангаҳои гардишии Бонки миллии Тоҷикистон, ки дар муомилот қарор доранд, баробар гардиш менамоянд.

Департаменти муомилоти пулӣ ва амалиёти хазинадорӣ уҳдадор гардид, ки барои ҳамлу нақл, баҳисобгирӣ ва ташкил намудани шароит ҷиҳати ба муомилот баровардани тангаҳои барориши соли 2022 бо арзиши номиналӣ мутобиқи банди 1 қарори мазкур, тибқи тартиби муқарраршуда чораҳои заруриро андешад.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку