Мулоқоти Ҳоким Холиқзода бо Директори ХБА

Бойгонии ахбор
04.07.2022

Мулоқоти Ҳоким Холиқзода бо Директори ХБА

3 июли соли 2022 Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло, ки дар ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи Электорати Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) дар шаҳри Бад-Рагази Швейсария қарор дорад, бо Директори Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) хонум Кристалина Георгиева мулоқот анҷом дод.

photo_2022-07-04_12-11-34.jpg

Дар ибтидо, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким аз ҳамкории самарабахши ХБА ва дастгирии ин ниҳоди бонуфузи байналмилалии молиявӣ барои рушди иқтисодиёти Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда, барои тавсеаи ҳамкориҳои оянда изҳори ҳавасмандӣ намуд.

photo_2022-07-04_12-11-40.jpg

Зимни мулоқот ҷониби Тоҷикистон зарурати роҳандозӣ намудани барномаи нави ислоҳоти иқтисодӣ дар доираи “Механизми васеъи қарздиҳӣ” аз ҷониби ХБА, барқарор намудани намояндагии доимии ХБА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар татбиқи ҳадафҳо ва ислоҳотҳо нақши ҳамоҳангсозро иҷро мекунад, мавриди баррасӣ қарор дод.

Сипас, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким омодагии ҳамешагии ҷониби Тоҷикистонро барои муколамаи озод ва ҳамкорӣ баён намуда, ҷиҳати баргузории Ҷаласаҳои солонаи Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар соли 2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал овард.

photo_2022-07-04_12-12-08.jpg

Ёдовар мешавем, ки Ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи Электорати Хазинаи Байналмилалии Асъор, ки 03-06 июли соли 2022 дар шаҳри Бад-Рагази Швейсария доир мегардад, ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар он вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким, инчунин намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар БҶ ва ХБА Илҳом Раҷабов муаррифӣ менамоянд.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку