Суханронии Ҳоким Холиқзода дар нишасти Гурӯҳи Электорати ХБА

Бойгонии ахбор
06.07.2022

Суханронии Ҳоким Холиқзода дар нишасти Гурӯҳи Электорати ХБА

4 июли соли 2022 дар шаҳри Бад-Рагази Швейтсария дар ҳошияи Ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи Электорати Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) нишасти асосии Гурӯҳи Электорат баргузор гардид, ки дар он ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ширкат варзид.

Нишасти мазкурро раиси Шӯрои Мудирон ва ҳамзамон раиси Бонки миллии Швейтсария ҷаноби Томас Йордан, директори Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) хонум Кристалина Георгиева, ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ хонум Анна Бйерде ҳусни ифтитоҳ бахшиданд.

Constituency Meeting 2022 - Group_Photo_1.jpg

Гурӯҳи Электорат ва ҳозирин бештар дар атрофи омилҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат ва таъсири онҳо ба иқтисоди ҷаҳонӣ, низоми молиявӣ ва тиҷорат, рушди устувор, беҳтар кардани сатҳи накуаҳволии аҳолӣ мубодилаи афкор намуданд. Ҳозирин ҳамзамон масоили таъсири кишварҳои ҷудогона ба иқтисоди ҷаҳонӣ, интизориҳои таваррумӣ ва роҳҳои пешгирӣ кардани хавфҳои иқтисодиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар нишасти Гурӯҳи Электорати ХБА ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ширкат варзида, аз вазъи иқтисодӣ ва вазъи низоми бонкӣ Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким дар ҷараён суханронӣ намуд. Зимни баромад оид ба вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва тамоюлҳои ҷойдошта, тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, таъсири омилҳои беруна ба устувории молиявӣ ва низоми бонкӣ, лаппишҳои қурбӣ ва хавфҳои асъорӣ сухан карда шуд.

Холиқзода Ҳоким дар охир Гурӯҳи Электоратро барои ҳамкории самаранок ва дастгирии кишварҳои узви Электорат миннатдорӣ карда, изҳори умед намуд, ки мулоқоти мазкур барои тақвият додани ҳамкориҳои судманди тарафайн такони ҷиддӣ хоҳад буд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон бори дигар аз Гурӯҳи Электорат барои доир кардани Ҷаласаҳои солонаи Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар соли 2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват кард.

Дар интиҳо, аъзоёни Электорат табрикоти хешро ба муносибати 30-юмин солгарди Гурӯҳи Электорат бо таманниёти тавсеа ва тақвият дар фаъолият баён доштанд.

Бояд қайд кард, ки Гурӯҳи Электорати ХБА имсол 30-солагии худро таҷлил мекунад. Чун қоида, аъзои Гурӯҳи Электорати Бреттон Вудси Швейтсария ҳар ду сол берун аз ҷаласаҳои муқаррарии мудирони ХБА ва Бонки Ҷаҳонӣ дар як кишвари ҳавза ҷамъ меоянд. Дар баробари Швейтсария ба ин гурӯҳ Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Лаҳистон, Сербия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон шомил мебошанд.

Шуъбаи матбуот





Возврат к списку