Дар бораи ҶДММ “Ташкилоти суғуртавии Боварӣ”

Бойгонии ахбор
18.07.2022

Дар бораи ҶДММ “Ташкилоти суғуртавии Боварӣ”

Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 15 июли соли 2022, №90 бинобар сабаби тағйир ёфтани номи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ташкилоти суғуртавии Боварӣ” ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ташкилоти суғуртавии Бима Ҳаёт” ва маҳалли ҷойгиршавии он, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”ва Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият, ба ҶДММ “Ташкилоти суғуртавии Бима Ҳаёт” барои амалӣ намудани фаъолияти суғуртавӣ аз рӯи намудҳои суғуртаи ихтиёрӣ, тавассути аз нав ба расмият даровардан ба муҳлати то 10 январи соли 2025 иҷозатнома дода шуд.

Иҷозатномаи ҶДММ “Ташкилоти суғуртавии Боварӣ”, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2020, №166 ҷиҳати амалисозии фаъолияти суғуртавӣ дода шудааст, аз эътибор соқит дониста шуда, Идораи назорати суғуртавӣ уҳдадор гардид, дар Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта сабти дахлдорро ворид намояд.

Шуъбаи матбуот


Возврат к списку