Ҷаласаи ҳафтуми Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бойгонии ахбор
25.08.2022

Ҷаласаи ҳафтуми Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

24 августи соли 2022 дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи ҳафтуми Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Шӯро) таҳти роҳбарии Раиси Шӯро – Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо иштироки роҳбарони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ва намояндаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

NBTL0006-2.jpg

Дар оғози чорабинӣ, мутобиқи рӯзномаи ҷаласа рафти иҷрои қарорҳои қабулгардидаи ҷаласаи шашуми Шӯро муҳокима гардида, гузориши масъулин оид ба андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати самаранокии идораи молияи давлатӣ, пешбурди низоми содакардашудаи андозбандӣ, тақвият бахшидани низоми идоракунии хавфҳо, беҳтар намудани раванди қарздиҳӣ, бахусус ба соҳибкорон ва дар ин замина таъмин намудани рушди минбаъдаи кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар баробари ин, таъкид гардид, ки вобаста ба вазъи ногувори геосиёсию тиҷоратӣ дар баъзе кишварҳои минтақа, номуайяниҳо дар бозорҳои ҷаҳонии молу маҳсулот, халалдор шудани занҷираи таклифот, болоравии сатҳи таваррум ва дар маҷмуъ коста гардидани рушди иқтисодиёти ҷаҳон мушоҳида гардид. Бинобар ин барои маҳдудсозии паёомадҳои манфӣ ва коҳиш додани таъсири онҳо ба иқтисодиёти миллӣ ҳамоҳангии зич бо вазорату идораҳои калидӣ роҳандозӣ шудааст.

NBTL9983-2.jpg

Дар рафти ҷаласа ба аъзои Шӯро рӯнамоиҳо марбут ба таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба бозори меҳнат, тамоюли таваррум ва омилҳои ба он таъсиррасон, инчунин фазои сармоягузорӣ вобаста ба рейтинги кредитии соҳибихтиёрии кишвар пешниҳод шуданд.  Ҳамзамон, қайд карда шуд, ки дар ин давраи мураккаби иқтисодӣ масъалаи зиёд намудани ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ ҷиҳати пурзӯр намудани фаъолнокии соҳаҳои мухталифи иқтисоди кишвар, коҳиш додани сатҳи таваррум, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва дар ин замина таъмин намудани рушди устувори иқтисодиёти миллӣ муҳим ба ҳисоб рафта, муайян намудани чораҳо ва татбиқи ислоҳотҳо бо дарназардошти таҷрибаи давлатҳои пешрафта ба суръат бахшидани рушди соҳаҳои асосӣ мусоидат хоҳад намуд.

Дар хотимаи ҷаласа, аз ҷониби Шӯро вобаста ба андешидани тадбирҳо ҷиҳати баланд бардоштани рейтинги кредитии соҳибихтиёрии кишвар баҳри зиёд намудани ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ, бо истифода аз усулҳои муосир ва истифодаи технологияи нави иттилоотӣ баланд бардоштани сатҳи касбии муҳоҷирон ва мутобиқ намудани онҳо ба бозорҳои меҳнат, инчунин роҳандозии фишангҳои сиёсати монетарӣ ва дигар механизмҳо баҳри коҳиш додани хавфҳои таваррумӣ қарорҳои дахлдор қабул гардиданд. Ҳамзамон, аъзои Шӯро ҷиҳати то ба охир пайгирӣ намудани масъалаҳои вогузоршуда барои иҷрои бетаъхир ва сифатноки қарорҳои қаблан қабулшуда дар ҳамоҳангӣ бо вазорату идораҳои дахлдор вазифадор карда шуданд.

Бояд қайд намуд, ки Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми байниидоравии доимоамалкунандаи машваратӣ буда, бо мақсади баррасии масъалаҳои таъмини суботи молиявӣ, муайян намудани хавфҳо ва минбаъд андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати коҳиш додани хавфҳо дар иқтисодиёт, низоми молияи давлатӣ, бонкӣ ва бахши хусусӣ (бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.июни соли 2018, №331) таъсис дода шудааст.


Возврат к списку