Эълони Озмун

Бойгонии ахбор
19.09.2022

Эълони Озмун

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаҳои холии зерин

О З М У Н
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

Идораи низоми пардохт
I
Мутахассиси дараҷаи 1 шуъбаи назорати низоми пардохти идораи низоми пардохт (2 ҷой)

Талабот ба номзад:


  • маълумоти олии иқтисодӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ;
  • донишу малакаи кофӣ дар самти татбиқи хизматрасониҳои молиявии рақамӣ, дастгирии фаъолияти низомҳои пардохтӣ донистани раванди технологии пардохтии бонкӣ (хизматрасонии фосилавии бонкӣ, тиҷорати электронӣ, эмиссия, эквайринг);
  • дониши кофӣ оид ба фаъолияти низомҳои пардохтӣ (низомҳои кортҳои пардохтии бонкӣ, интиқоли маблағҳо, қабули пардохтҳо) донистани қоида ва хусусиятҳои фаъолияти низомҳои пардохтӣ;
  • донистани қонунгузорӣ дар соҳаи фаъолияти бонкӣ, хизматрасониҳои пардохтӣ ва низомҳои пардохтӣ;
  • малакаи зарурии корӣ бо барномаҳои компютерӣ (MS Office ва дигар барномаҳо);
  • донистани забони давлатӣ (тоҷикӣ), русӣ ва англисӣ ҳатмӣ мебошад;
  • собиқаи корӣ дар низоми бонкӣ на кам аз 2 сол.

II
Мутахассиси пешбари шуъбаи таҳлил ва рушди хизматрасониҳои молиявии рақамӣ (1 ҷой)

Талабот ба номзад:

  • маълумоти олии иқтисодӣ/молиявӣ/техникӣ;
  • донишу малакаи кофӣ дар самти татбиқи хизматрасониҳои молиявии рақамӣ, дастгирии фаъолияти низомҳои пардохтӣ донистани раванди технологии пардохтии бонкӣ (хизматрасонии фосилавии бонкӣ, тиҷорати электронӣ, эмиссия, эквайринг);
  • дониши кофӣ оид ба хусусиятҳои фаъолияти низомҳои пардохтӣ (Visa, Mastercard, Unionpay, Western Union ва диг.), донистани қоидаҳо ва талаботҳои низомҳои пардохтӣ;
  • донистани қонунгузорӣ дар соҳаи фаъолияти бонкӣ, хизматрасониҳои пардохтӣ ва низомҳои пардохтӣ;
  • малакаи зарурии корӣ бо барномаҳои компютерӣ (MS Office ва дигар барномаҳо);
  • донистани забони давлатӣ (тоҷикӣ), русӣ ва англисӣ ҳатмӣ мебошад;
  • собиқаи корӣ дар низоми бонкӣ на кам аз 2 сол.
Ҳуҷҷатҳои зарурӣ:
  • ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
  • варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
  • тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
  • 3 дона расм (андоза 3х4);
  • рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН) аз мақомоти андози ноҳия.
  • нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
  • нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
  • нусхаи билети ҳарби;
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • рақами СИН аз шуъбаи муҳосиботи ҷойи кори пештара;
  • маълумотномаи тиббӣ №038;
  • маълумотнома аз ВКД (ИТС) барои доғи судӣ надоштан.
Қабули ҳуҷҷатҳо баъд аз соати 14:00 дар нишонии зерин шуруъ мегардад: 
  • Нишонии почтаи электронӣ: OZMUN@NBT.TJ
  • Телефон барои маълумот: 600-32-13, 600-32-32
  • ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 38/1
  • Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 07 октябри с.2022

Идораи кормандон

Возврат к списку