Ба оператори низоми пардохтии “Вестерн Юнион” иҷозатномаи фаъолият дода шуд

Бойгонии ахбор
04.10.2022

Ба оператори низоми пардохтии “Вестерн Юнион” иҷозатномаи фаъолият дода шуд

Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2022 таҳти №110, мутобиқи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ”, моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва дар асоси моддаи 77 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ба Вестерн Юнион Нетворк (Фаронса), барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Вестерн Юнион” ба муҳлати 5 (панҷ) сол иҷозатнома дода шуд.

Дар асоси қарори мазкур Идораи низоми пардохти БМТ уҳдадор карда шуд, ки дар Феҳристи операторони низоми пардохтӣ сабти дахлдор ворид намояд.


Шуъбаи матбуоти
БМТ


Возврат к списку