04.10.2022
Эълони Озмун
БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаҳои холии зерин
О З М У Н
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
Департаменти ҳисобдорӣ
I
мутахассиси дараҷаи I-и шуъбаи амалиёти дохилибонкӣ (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- таҳсилоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
- доштани дониши хуби қонунгузории соҳаҳои бонкӣ, меҳнат ва андоз;
- доштани дониши кофӣ дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ, таҷрибаи корӣ нисбати баҳисобгирии музди меҳнат ва дигар пардохтҳо, ҳисоббаробаркунӣ бо таҳвилгарон (аз ҷумла пудратчиён), инчунин баҳисобгирии дигар амалиётҳои муҳосибӣ;
- маҳорати омода намудани мукотибот, ҳисобот, пайнавиштҳо, ҷадвалҳо, диаграммаҳо ва ғ;
- доштани қобилияти таҳлилию тадқиқотӣ дар таҳия ва омода намудани маводҳои таҳлилӣ;
- малакаи касбии кор бо компютер ва дар низоми автоматишудаи бонкӣ – СФТ ва барномаҳои муҳосибии 1С, донистани Ms Office (Word, Excel, Power Point ва ғ);
- доштани сертификати муҳосиби касбӣ (САР) афзалият дорад;
- доштани собиқаи корӣ на камтар аз 3 сол дар низоми бонкӣ;
- донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад.
II
мутахассиси дараҷаи I-и шуъбаи таҳлил ва таҳияи ҳисоботҳои молиявӣ (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- маълумоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
- доштани дониши хуби қонунгузории соҳаҳои бонкӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ ва стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ;
- малакаи таҳия намудани ҳисоботҳои молиявии маҷмӯӣ ва кор бо аудиторони берунӣ;
- доштани қобилияти таҳлилию тадқиқотӣ дар таҳия ва омода намудани маводҳои таҳлилӣ, маҳорати омода намудани мукотибот, ҳисобот, ҷадвалҳо, диаграммаҳо ва ғ;
- доштани дониши кофӣ дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ, таҷрибаи корӣ нисбати баҳисобгирии воситаҳои асосӣ ва маводҳои камнарху зудфарсудашаванда, инчунин баҳисобгирии дигар амалиётҳои муҳосибӣ;
- малакаи касбии кор бо компютер – Ms Office (Word, Excel, Power Point) ва донистани хуби барномаи муҳосибии 1С ва низоми автоматишудаи бонкӣ - СФТ;
- доштани сертификати муҳосиби касбӣ (САР) афзалият дорад;
- доштани собиқаи корӣ на камтар аз 2 сол дар низоми бонкӣ;
- донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад.
III
мутахассиси дараҷаи I-и шуъбаи пешбурди китоби асосӣ
ва иҷрои сиёсати андозӣ (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- таҳсилоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
- доштани дониши хуби қонунгузории соҳаи бонкӣ ва андоз;
- доштани дониш ва таҷрибаи кофӣ дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ, баҳисобгирии андозӣ;
- доштани қобилияти баланди таҳлилию тадқиқотӣ дар таҳия ва омода намудани маводҳои таҳлилӣ, маҳорати омода намудани мукотибот, ҷадвалҳо, диаграммаҳо ва ғ;
- малакаи касбии кор бо компютер – Ms Office (Word, Excel, Power Point) ва донистани хуби барномаи муҳосибии 1С ва низоми автоматишудаи бонкӣ - СФТ;
- доштани сертификати муҳосиби касбӣ – (САР) афзалият дорад;
- доштани собиқаи корӣ на камтар аз 2 сол дар низоми бонкӣ ё мақомоти андоз;
- донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад.
Ҳуҷҷатҳои зарурӣ:
- ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
- варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
- тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
- 3 дона расм (андоза 3х4);
- рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН) аз мақомоти андози ноҳия.
- нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
- нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
- нусхаи билети ҳарби;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- рақами СИН аз шуъбаи муҳосиботи ҷойи кори пештара;
- маълумотномаи тиббӣ №038
- маълумотнома аз ВКД (ИТС) барои доғи судӣ надоштан
Қабули ҳуҷҷатҳо баъд аз соати 14:00 дар нишонии зерин шуруъ мегардад:
- Телефон барои маълумот: 600-32-13, 600-32-32
-
ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 38/1
-
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 24 октябри с.2022
Идораи кормандон